Сураи Марям Ояти 94 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Марям Ояти 94 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Марям Ояти 94

لَقَدْ أَحْصَاهُمْ وَعَدَّهُمْ عَدًّا ٩٤

Лақад аҳсаҳум ва ъадда ҳум ъадда. 94.

94. Ба дурустӣ, ки Худованд (бо илми худ) онҳоро фаро гирифтааст ва дақиқан онҳоро шумор карда аст.

Инсони мушрик бояд чашми худро кушояд ва бидонад, ки ӯ худ ва ҳарчи назди ӯст, ҳама аз атоҳои Худои Раҳмон аст. Онҳо бе ҳисоб нестанд. Ҳаргиз тасаввур накунад, ки бо вуҷуди ин ҳама мардуми бешумор чӣ гуна мумкин будааст, Худованд ҳисоби онҳоро дошта бошад. На! Илми Парвардигор чунон васеъ аст, ки на танҳо шумораи онҳоро дораду онҳоро дақиқан медонад, балки аз тамоми хусусиёту амалҳои онҳо ва аз адади онҳо огоҳ аст. Инсони мушрик, ё кофир ҳаргиз наметавонад гурезад, ё ба ҷое паноҳ барад. Оре! Худованд Зотест, ки қудраташ номаҳдуд аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Марям «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Марям Ояти 93 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Марям Ояти 95 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)