Тафсири Сураи Марям Ояти 95 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Марям Ояти 95
وَكُلُّهُمْ آتِيهِ يَوْمَ الْقِيَامَةِ فَرْدًا ٩٥
Ва куллуҳум атӣҳи явма-л-қийамати фарда. 95.
95. Ва ҳар яке аз онҳо рӯзи қиёмат пеши Вай яккаву танҳо оянда аст.
Худованд дар ин оят хабар додааст, ки ҳар кадоми аз инсонҳо рӯзи Қиёмат яккаву танҳо бе ягон ёрирасон ва бе ягон молу авлод назди Худованд ҳозир мешавад ва ҳар кадом ҳисоби худро медиҳад. Дар ҳадиси қудсӣ бо ривояти Имом Бухорӣ чунин омадааст, ки Худованд мегӯяд: «Писари одам маро дуруғгӯй ҳисобид, ҳол он ки ӯ ин ҳуқуқро надорад. Ӯ маро дашном дод, ҳол он ки ӯ ба дашном додан сазовор нест. Аммо дурӯғ ҳисобидани фарзанди одам маро ин аст, ки мегӯяд: Бори дигар маро чун аввал зинда намегардонад. Ҳол он ки зинда гардонидани ӯ бори дувум барои ман чун бори аввал мушкилие надорад. Аммо дашном додани фарзанди одам маро ин аст, ки мегӯяд: Худованд барои худ фарзанд ихтиёр кардааст, ҳол он ки ман Яккаву Ягонаам, ҳеҷ чиз аз ман таваллуд нашудааст ва ман аз ҳеҷ кас таваллуд нашудаам, ва ҳеҷ кас аз махлуқот монанди ман нест. Барои маълумоти бештар ба эзоҳи сураи «Ихлос» ва ба ояти 116-уми сураи «Бақара» муроҷиъат шавад. Валлоҳу аълам. Худованд дар оятҳои баъдӣ ба муъминони аброр (накӯкор) санои атрогин гуфта, сураро ба охир мерасонад. Дигар ин, ки ин се ояте, ки поёнгари сураи «Марям» (а)-анд, фишурдаи баҳсҳои ҳамин сура буда, дар нахустини онҳо фармудааст…
Рӯйхати оятҳои Сураи Марям «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «