Сураи Марям Ояти 98 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Марям Ояти 98 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Марям Ояти 98

وَكَمْ أَهْلَكْنَا قَبْلَهُمْ مِنْ قَرْنٍ هَلْ تُحِسُّ مِنْهُمْ مِنْ أَحَدٍ أَوْ تَسْمَعُ لَهُمْ رِكْزًا ٩٨

Ва кам аҳлакна қаблаҳум-м мин қарнин ҳал туҳиссу минҳум-м мин аҳадин ав тасмаъу лаҳум рикза. 98.

98. Ва пеш аз онҳо табақоти бисёри мардумро ҳалок кардем, оё аз онҳо ҳеҷ касеро мебинӣ, ё аз онҳо овози оҳистаи онҳоро мешунавӣ?

Чуноне ки дар муқаддимаи ин сура гузашт, замоне ки оятҳои ин сура дар Макка нозил мешуданд, замоне буд, ки мусалмонон таҳти фишори душманҳои дин қарор доштанд. Ҳоло дар охирин ояти ин сура барои тасаллии Пайғамбар (с) ва муъминон ва барои таҳдид ва ҳушдори душманони дин, Худованд гуфтааст, ки чи басо дар замонҳои гузашта қавмҳои беимону гунаҳгоре буданд, ки Пайғамбарони замони худро инкор карданд, мусалмонҳоро азоб доданд, мо онҳоро чунон ҳалок кардему онҳоро чунон нест кардем, ки ҳеҷ асару нишонае аз онҳо боқӣ намонд. Эй Пайғамбар! Оё ту мавҷудияти касеро аз он нестшудагон эҳсос мекунӣ? Ҳоло онҳо ҳама дар таги хоканд. Оё аз онҳо камтарину пастарин садое мешунавӣ? На! Ҳоло ин гурӯҳе, ки ба шумо фишор меоранд, бояд ба ҳуш оянд ва аз сарнавишти гузаштагони амсоли худ ибрат гиранд, то мисли гузаштагон бе ному нишон нашаванд. Валлоҳу аълам. Валиллоҳил ҳамд.

Парвардигоро! Қалби моро бо нури имон ва тамоми вуҷуди моро бо нури амали солеҳ равшан фармо!

Худоё! Моро дӯстдори муъминону солеҳон гардон. Муҳаббати моро низ дар дилҳои ҳама муъминон бияфган!

Парвардигоро! Ҷамоъаи моро аз тафриқаву парокардагӣ дар гирди машъали итиҳод ҷамъ фармо!

Худовандо! Ҳамонгуна, ки душманони Пайғамбар (с) ва душманони муъминони ростинро, нобуд сохтӣ, ки ному нишону овозае аз онҳо боқӣ намонд, ҳамчунин душманони дини ростини замони моро бе ному нишон соз, ё Ҷаббору ё Қаҳҳор, ё Зунтиқом. Аллоҳумма салли ва саллам ва борик ъалайҳ.


Рӯйхати оятҳои Сураи Марям «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Марям Ояти 97 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Тоҳо – Тафсири Осонбаён (Қуръон)