Тафсири Сураи Тохо – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тоҳо дар Макка нозил шуда, дорои 135 оят аст.
Бо ривояти Ибни Аббос (р) ва Ҷобир ибни Зайд (р) сураи мазкур баъди сураи «Марям» (а) фуруд омадааст. Эҳтимол меравад, ки ҳарду сура пайи ҳам нозил шудаанд. Зеро меҳвари асосии ҳарду бо якдигар хело монанд аст. Аз ин рӯ, дар Қуръони карим бевосита баъди он (сураи «Марям») ҷои худро ишғол намудааст.
Номи ин сура аз лафзи (ояти) якуми он, ки «То ҳо» аст гирифта шудааст. Калимаи «То ҳо»-ро уламои киром ҳаргуна тафсир кардаанд. Баъзе аз онҳо «То ҳо»-ро якчанд ҳарфе аз ҳарфҳои ҳиҷоӣ ҳисобида «Мурод аз онҳо чист, Худованд хубтар медонад» гуфтаанд. Сухани онҳо нисбат ба дигар тафсирҳое, ки «То ҳо»-ро номе аз номҳои Худованд ё номи Пайғамбар (с) гуфтаанд ва дигар эзоҳоте, ки зери калимаи «То ҳо» дида мешавад, маъқултар аст.
Сураи мазкур дар оғоз мисли сураҳои дар Макка нозилшуда атрофи ақидаи саҳеҳ ва сифату ахлоқи ҳамидаи муъминон баҳс мекунад. Мақсади асосии сураи мазкур баёни тавҳид, пайғамбарӣ, аз нав зинда шудан, ҷамъ кардани ҳама мардум рӯзи маҳшар ва дигар асосҳои динӣ аст. Сураи «То ҳо» сифату шахсияти Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва салламро васфи алоҳида намуда, барои дастгирии маънавии ӯ (с) эътибори алоҳида додааст. Сураи мазкур ба Расулуллоҳ (с) ишора кардааст, ки ба ҳилаву найранги кофирону мушрикон, ки ӯ (с)-ро дурӯғгӯй меҳисобанд, истеҳзову масхара мекарданд, аҳамият надиҳаду иҷрои вазифаи асосиеро, ки аз тарафи Парвардигор ба ӯ (с) супурда шудааст, идома диҳад. Дар муносибат ба ин мавзӯъ барои тасаллии Расулуллоҳ (с) Худованд, қиссаи Мӯсо (а)-ро аз замоне ки ба ӯ (а) дараҷаи пайғамбарӣ дода шуд, то он вақте ки бани Исроил гӯсоларо (наъузу биллоҳ) Худо гуфта парастиданд, ҳамчунин баҳси шадиди Мӯсо (а)-ро бо Ҳорун (а) бо тафсил баён кардааст.
Мӯсо (а) бо кадом роҳ ҳамроҳи бародараш Ҳорун (а) назди Фиръавн рафт, байни онҳо ва Фиръавн чи корҳо гузашт, ба Парвардигор роз гуфтани ӯ (а), муҷадолое, ки ӯ (а) бо Фиръавн ва муборизае, ки бо соҳирон кард ва дигар ҳодисаҳо дар ин сура баёни худро ёфтаанд. Аз ин қисса маълум мешавад, ки Парвардигор Мӯсо (а)-ро ошкоро дар ҳифзу ҳимояти худ нигоҳ доштааст. Зеро аксари оятҳои ин сура тақрибан (80) ояти он дар атрофи ин қисса баҳс мекунанд. Баъди қиссаи Мӯсо (а) мухтасаран қиссаи Одам (а) баён шудааст. Дар он омадааст, ки Одам (а) хато кард, баъди тавба, Худованд бо лутфу марҳамати Худ ӯ (а)-ро бахшиду ӯ (а)-ро ба роҳи рост ҳидоят кард. Барои авлоди Одам (а) пайғамбарони худро фиристод, то онҳоро ба роҳи рост ҳидоят кунанд, ва ду роҳро дар ихтиёри онҳо гузошт. Дар давоми сура аҳволи мардум дар қиёмат низ зикри худро меёбад. Дар охир Худованд бо чанд оят Расулуллоҳ (с)-ро хитоб намудаст. Ин буд назари кӯтоҳе ба мундариҷаи сураи «Тоҳо». Валлоҳу аълам.
Рӯйхати оятҳои Сураи Тоҳо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «