Тафсири Сураи Масад Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Масад Ояти 2
مَاۤ اَغۡنٰى عَنۡهُ مَالُهٗ وَمَا كَسَبَؕ ٢
Ма ағна ъанҳу малуҳу ва ма касаб. 2.
2. Он чӣ бар сараш омад, на молаш ва на касбу авлодаш ӯро беҳоҷат насохт.
Яъне ҳеҷ чиз: на мол, на авлод, на иззат ва на насабият ӯро аз ҳалокат наҷот дода наметавонад. Дар ривоят омада, ки Абӯлаҳабро се писар буд: Утба, Муътаб ва Утайбаҳ. Дуи аввали онҳо рӯзи фатҳи Макка Ислом оварда ва дар ғазои Ҳунайн ва Тоиф иштирок ҳам карда буданд. Аммо Утайбаҳ мусулмон нашуд. Ӯ шавҳари Уммӣ Гулсуми духтари Расулуллоҳ (с) буд ва хоҳари Уммӣ Гулсум Руқия завҷаи бародараш Утба буд. Яъне Утайбаҳ ва Утба домодони Расули Худо (с) буданд. Вақте ки ин сура дар хаққи Абӯлаҳаб нозил шуд, ӯ ба писарони худ гуфт: “Агар духтарони Муҳаммадро талоқ надиҳед, сари ман ба сари шумо ҳаром”. Пас, онҳо талоқ доданд. Вақте ки Утайбаҳ (шавҳари Уммӣ Гулсум) ба сафар ба тарафи Шом бо ҳамроҳии падараш баромад, гуфт: “Албатта, ба назди Муҳаммад меравам ва ӯро изо медиҳам”. Пас, назди Он ҳазрат (с) омад ва гуфт: “Ман ба “Ван-наҷми изо ҳаво” ва “би-л-лази дано фатадалло” кофирам (“Қасам ба Сурайё ҳар вақте ки ғоиб шавад. Баъд аз он қариб шуд зиёд кард дар қарибӣ”). Яъне Утайбаҳ гуфт: “Ман ба Зоте, ки ба нуҷум қасам хӯрд (яъне Аллоҳтаъоло) ва ба зоте, ки қариб шуд (мурод ҳазрати Ҷабраил аст, ки ваҳйи илоҳиро меорад), кофирам”, Уммӣ Гулсумро назди Расулуллоҳ (с) талоқ дода туф карду баромада рафт. Расулуллоҳ (с) аз ҳаракати нодурусти ин бадбахт дар ғазаб шуда бар зарари ӯ ин дуоро иҷозат фармуданд.
“Ай бор илоҳ, бар ӯ сагеро аз сагони худ гумошта кун”. Баъди ин дуо дар роҳи “Шом” ӯ тӯъмаи шере шуд. Мегӯянд, баъд аз ҳафт рӯзи ғазваи “Бадр” дар ҷисми Абӯлаҳаб ҷароҳати бадбӯе зоҳир шуд. Аҳлу аёлаш аз тарси он, ки касалии ӯ ба онҳо сироят накунад, ӯро аз хона берун карданд. Дар ҳамон ҳоли беморию хорӣ дур аз манзил бо азоб ба ҳалокат расид. То се рӯз касе набуд, ки ӯро бардорад, чун се рӯз гузашт, гӯштҳои бадани ӯ рехтан гирифт ва часадаш бӯй гирифт, ҳаммолони ҳабашӣ гӯре кофтанд ва ҷасади ӯро бо нӯги чӯбҳои дароз ба он гӯр партофтанд ва болои онро бо сангҳо пӯшиданд. Ин аст оқибати ҳар бадбахте, ки муқобили дини Ҳақ бархезад ва бо молу авлоду мансабу дунёи хеш фахру ғурур намуда, бар зидди Ислом сарф намояд. Илова бар ин:…
Рӯйхати оятҳои Сураи Масад «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «