Тафсири Сураи Масад Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Масад Ояти 1
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм.
Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.
تَبَّتۡ يَدَاۤ اَبِىۡ لَهَبٍ وَّتَبَّؕ ١
Таббат яда Абӣлаҳаби-в ва табб. 1.
1. Ҳалок бод ҳар ду дасти Абилаҳаб ва ҳалок шуд.
Аллоҳтаъоло бо ин оят дар хаққи Абӯлаҳаб дуъо карда гуфтааст, ки дастони Абӯлаҳаби шақӣ ҳалок бод.” Ӯ ки нисбати Расулуллоҳ ин рафтори ноҳақро раво донист ноумеду дар зиён бод.
Зимни ин оят Аллоҳтаъоло хабар додааст, ки Абӯлаҳаб ба таҳқиқ зиён карду ҳалок шуд. Ин ҷо мурод аз ду даст худи Абӯлаҳаб аст, зеро шахсе, ки ду даст надорад ба ҳалокшудагон баробар аст. Номи Абӯлаҳаб Абдул-уззо ибни Абдулмуталлиб аст, яъне бандаи буте, ки номаш “Уззо” аст. Зани ӯ ал-Авраъа Уммул Ҷамил ном дошт ва ӯ хоҳари Абӯсуфён буд. Зану шавҳар ҳарду душмани сарсахти Расулуллоҳ (с.) буданд. Ба ривояте чун Абӯлаҳаб шунид, ки дар ҳаққи ӯ ва завҷааш ин сура нозил шудааст, гуфт: “Агар он чизе, ки Муҳаммад мегӯяд, рост бошад, ман молу пулу авлоди бисёр дорам, онҳоро фидя медиҳам ва худро халос мекунам”. Худованд дар ҷавоби сухани Абӯлаҳаб дар ояти зер чунин гуфтааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Масад «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «