Тафсири Сураи Моида Ояти 72 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Моида Ояти 72
لَقَدْ كَفَرَ الَّذِينَ قَالُوا إِنَّ اللَّهَ هُوَ الْمَسِيحُ ابْنُ مَرْيَمَ ۖ وَقَالَ الْمَسِيحُ يَا بَنِي إِسْرَائِيلَ اعْبُدُوا اللَّهَ رَبِّي وَرَبَّكُمْ ۖ إِنَّهُ مَنْ يُشْرِكْ بِاللَّهِ فَقَدْ حَرَّمَ اللَّهُ عَلَيْهِ الْجَنَّةَ وَمَأْوَاهُ النَّارُ ۖ وَمَا لِلظَّالِمِينَ مِنْ أَنْصَارٍ ٧٢
Лақад кафара-л-лазӣна қолу инналлоҳа ҳува-л-Масӣҳубну Марям. Ва қола-л-Масӣҳу йа бани Исроилаъбудуллоҳа Раббӣ ва Раббакум. Иннаҳу ма-й юшрик биллаҳи фа қад ҳаррамаллоҳу ъалайҳи-л Ҷанната ва маъваҳу-н-нару ва ма ли-з-золимӣна мин ансор. 72.
72. Ҳаройина, касоне ки кофир шудаанд, гуфтанд: «Ба дурустӣ ки Аллоҳ ҳамон Исо писари Марям аст». Ва (ҳол он ки) Исо гуфта буд: «Эй бани Исроил, (зотеро, ки Ӯ) Парвардигори ман ва Парвардигори шумост, парастиш кунед!». Ҳаройина, касе ки ба Аллоҳ шарик қарор диҳад, пас, батаҳқиқ, Аллоҳ бар вай Биҳиштро ҳаром кардааст ва ҷойи ӯ Дӯзах аст. Ва ситамкоронро ҳеҷ ёридиҳандае нест.
Он ақидаи софе, ки Исо (а) оварда буд ва насоро онро тағйиру ноқис намуданд, дар оятҳои қаблӣ эзоҳи худро ёфт. Дар ояти мазкур сухан аз он меравад, ки онҳо чи гуна дар ботлоқи гумроҳӣ фуру рафтаанд, меъёри имони ба Аллоҳ доштани насрониҳо то чи андоза аст ва онҳо чӣ ҳукме доранд? Яъне Аллоҳтаъоло қатъан фармудааст, ки дар ҳақиқат касоне ки гуфтаанд, ки Аллоҳ ҳамон Масеҳ писари Марям аст, онҳо кофир шудаанд. Гурӯҳе аз насоро бо равиши «Яъқубия» ё «Мулкония», ки ҳоло онҳоро «Католик» ва «Ортодокс» мегӯянд, дар шаъни Исо (а) ақидаашон фосид ва худашон гумроҳ шуда гуфтаанд, ки Марям худои моро таваллуд намудааст, яъне Аллоҳ дар сурати Исо шуда намудор шудааст (наъузубиллоҳ аз чунин ақидаи фосид). Аллоҳтаъоло аз чунин сифатҳо орӣ ва пок аст. Худованд аз ин пиндори ғалати онҳо бо забони Масеҳ (а) хабар додааст, ки ай бани Исроил, Аллоҳи ягонаро бипарастед! Он Аллоҳе, ки ҳам Парвардигори ман ва ҳам Парвардигори шумост. Яъне ҳазрати Масеҳ (а) гуфт, ки ман ҳам мисли шумо бандаам, шумо он Зотеро парастиш кунед, ки Ӯ холиқи ман ва ҳам холиқи шумост. Ба ривояти Ибни Касир аввалин сухане, ки Исо (а) дар айёми тифлии хеш, дар гаҳвора гуфта буд, ин буд: «Ман бандаи Худоям». Ӯ (а) нагуфт, ки ман Худо ё ин ки писари Худо ҳастам, балки ӯ (а) гуфт, ки ман бандаи Худо ҳастам. Ин далел алайҳи насоро аст. Вақто Исо (а) мегӯяд, ки «Ё Раббӣ», яъне (ай Парвардигори ман) ва ё мегӯяд «Ё Аллоҳ!» чӣ гуна ӯ барои нафси худ даъвои Худоӣ кардааст? Ин гуна даъво бисёр маҳол аст. (Қуртубӣ 6/249).
Хулоса, ҳеҷ вақт Исо (а) ба насоро нагуфтааст, ки ман Худояму маро ибодат кунед. Балки ӯ (а) ба насоро гуфтааст, ки ҳар касе ба Худо чизеро шарик донад ё ғайри Аллоҳ дигар чизро Худо ҳисобад, қатъиян Аллоҳтаъоло бар ӯ Ҷаннатро, ки ҷойи аҳли тавҳид аст, ҳаром гардонидааст ва бошишгоҳи ӯ абадӣ Ҷаҳаннам хоҳад буд. Ҳоло аҳли насоро он аҳдномае, ки ба Аллоҳтаъоло дода буданд, шикастанд ва акси он маълумоте, ки Исо (а) бо таъкид ба онҳо гуфт, амал намуданд онҳо барои худ зулми калонеро раво дидаанд. Дар охири оят сухани Парвардигор аст, ки барои золимон аз азоби Аллоҳ ҳеҷ ёридиҳанда ва наҷотдиҳандае нест. Ин аст (валлоҳу аълам) мазмуни сухани Парвардигор. Мутаассифона, масеҳиёни (насрони)-ҳои кунунӣ тамоми қуввати худро барои исботи илоҳ будани ҳазрати Исо (а) сарф мекунанд. Ояти зер ин маъноро бозгӯ месозад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Моида «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «