Тафсири Сураи Моида – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Бисмиллаъҳи-р-Раҳмаъни-р-Раҳӣм
Сураи “Моида” дар Мадина нозил шуда, аз 120 оят иборат аст.
Сураи «Моида» чун сураҳои «Бақара», «Нисо» ва «Анфол» яке аз дарозтарин сураҳои Қуръон буда, тавре дар фавқ ишора шуд, дар Мадина нозил шудааст.
Сураи «Моида» ҷанбаҳои шаръӣ, аз он ҷумла ақида ва қиссаҳои аҳли китобро низ дар бар дорад. Куртубӣ (соҳиби тафсир) бо ривояти Абӯмайсарата гуфтааст, ки сураи «Моида» охирин сураи нозилшудаи Қуръон аст, ки дар он ягон ояти мансух набуда, 18 аҳкоми фарзӣ дар он баёни худро ёфтааст. Маънои «Моида» дастурхон аст, ки дар ояти 114-ум зикр мешавад ва номи сура аз он гирифта шудааст.
Сабаби «Моида» ном мондани ин сура дар он аст, ки ҳамсафарони Исо (а), ки онҳоро (ҳаввориюн) мегӯянд, ба Исо (а) гуфтанд, ки мо орзу дорем, то як дастурхони густурдаи пур аз нозу неъмат аз осмон фуруд ояд ва он барои мо башорате бошад ва ҳам мо аз он таъмоҳо тановул карда бошем.
Агарчи ин таклиф на он қадар ба маврид буд, локин Аллоҳтаъоло барои тарафдории пайғамбари Худ, яъне то пайғамбарии Исо (а) байни онҳо бори дигар тасдиқи худро ёбад, бо дуъои ӯ (а) он дастурхонро назди онҳо фуруд овард.
Дар хусуси «Моида» дар ин сура 4 оят ҷой дорад. Бо таҳқиқи муфассирони олиқадр ин сура дар он вақте ки Расулуллоҳ (с) аз сулҳи ал-Ҳудайбия бозмегаштанд ва бо ривояте баъди ҳаҷи охиронашон (ҳаҷи видоъ), ҳангоми бозгаштан ба Мадина баъди сураи «Фатҳ» нозил шудааст. Ҳамоно, замон давраи бунёд сохтани давлати исломӣ буд ва дар айни ҳол ин давлати тозабунёд ба барномаҳои Раббонӣ муҳтоҷ буд. Бинобар ин, тамоми ин сура зимнан ҳукмҳои шаръиро дар худ фароҳам овардааст. Дар ин ҳукмҳо таълими бинои давлатдорӣ ва тарзи бастани қарордоди ростини он баён шуданд, ки ҷомеа ва давлатро аз қафоравӣ нигоҳ медорад. Аз он ҷумла, ҳукмҳои уқуд (корҳое, ки бо гуфтушунид ва ризои тарафайн ба ҳукми иҷро медароянд), бо роҳи шаръӣ забҳ намудани ҳайвонҳо, тарзи нодуруст шикор кардан, барои Ҳаҷ эҳром бастан, никоҳи занҳои китобӣ, ҳукми муртад, ғизои ҳалол ва ҳаром, ҳукмҳои таҳорату таяммум, ҷазои дуздӣ, ҷазои боғигӣ ва фасод дар рӯйи Замин, ҳукми хамрнӯшӣ ва қиморбозӣ, каффорати ямин (қасам), қатли сайд дар ҳарам, пеш аз марг васият кардан, ҳукми фолбинӣ, бутпарастӣ, ҳукми шахсоне, ки бо роҳи шариъат кор намекунанд ва ғайраро баён мекунад. Барои панду насиҳати мо низ баъзе қиссаҳои ибратбахш дар ин сура оварда шудааст.
Ба хусус, қиссаи бани Исроил, ки онҳо ҳамроҳи Мӯсо (а) муддати 40 сол аз ватан дур, сарсону саргардон ва мавриди имтиҳони илоҳӣ қарор доштанд, пандомӯз аст. Чун Мӯсо (а) ба онҳо роҳи ҳидоятро иршод намуд, онҳо баръакс ба Мӯсо (а) гуфтанд: «Рав ҳамроҳи Парвардигорат бо касе ҷанг мекунӣ, кардан гир, мо дар ҷои худ менишинем».
Ҳамчунин қиссаи ду фарзанди Одам (а), яъне Қобилу Ҳобил мегузарад. Чун Қобил Ҳобилро кушт, ин аввалин ҷинояти нописанде буд, ки дар рӯйи замин хуни пок, хуни бағайриҳақ резонда шуд. Бо ибрат гирифтан аз ин қисса метавон байни нафсҳои хабис ва шариф фарқгузорӣ кард.
Бо мулоҳизаи муфассирон дар сураи мазкур нидои «Эй касоне, ки имон овардаед!» 16 маротиба такрор шудааст. Ду нидо барои Пайғамбар (с), шаш нидо барои аҳли китоб ва боқӣ барои дигарон нигаронида шудааст.
Баъди ҳар як нидо шартномаи хосе зикр мешавад.
Дар хотима як ҳодисаи мудҳиши хоркунандае барои душманҳои Аллоҳ зикр мешавад, ки аз тарси он мӯйи сар сафед ва нафасҳо дар гулӯ дар мемонад. Он ин аст, ки рӯзи ҳашри Акбар Аллоҳтаъоло Исо (а)-ро болои сари халоиқ ҳозир мекунад ва барои сарзаниши насоро мепурсад, ки оё ту ба насоро гуфтӣ, ки ба ғайри Аллоҳ ману модари маро Худо гӯед ва парастиш кунед? Исо (а) дар ҷавоб мегӯяд: “Худои ман аз ҷамии айбҳо пок аст. Ман чӣ ҳақ доштаам, ки ба мардум он чиро, ки сазовору ҳаққи ман нест, бифармоям?” Яъне Исо (а) дар он рӯз мегӯяд, ки ман ҳаргиз нагуфта ва нафармудаам, ки ба ғайри Аллоҳи ягона,яъне ману модарамро Худо ҳисобеду парастиш кунед! Ҳарчи онҳо кардаанд, бо ихтирои худ кардаанд.
Бо ихроҷи Имом Аҳмад аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ва Ибни Ос (р) чунин ривоят омадааст, ки вақто оятҳои ин сураи муборак нозил мешуданд, Расулуллоҳ (с) савори маркаби худ буданд, чун маркаб тоқати бардошти Расулуллоҳ (с)-ро накард, ӯ (с) аз роҳилаи худ ба Замин фаромад.
Ин буд мазмуни фишурдаи сураи «Моида».