Сураи Нисо Ояти 176 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нисо Ояти 176 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нисо Ояти 176

يَسْتَفْتُونَكَ قُلِ اللَّهُ يُفْتِيكُمْ فِي الْكَلَالَةِ ۚ إِنِ امْرُؤٌ هَلَكَ لَيْسَ لَهُ وَلَدٌ وَلَهُ أُخْتٌ فَلَهَا نِصْفُ مَا تَرَكَ ۚ وَهُوَ يَرِثُهَا إِنْ لَمْ يَكُنْ لَهَا وَلَدٌ ۚ فَإِنْ كَانَتَا اثْنَتَيْنِ فَلَهُمَا الثُّلُثَانِ مِمَّا تَرَكَ ۚ وَإِنْ كَانُوا إِخْوَةً رِجَالًا وَنِسَاءً فَلِلذَّكَرِ مِثْلُ حَظِّ الْأُنْثَيَيْنِ ۗ يُبَيِّنُ اللَّهُ لَكُمْ أَنْ تَضِلُّوا ۗ وَاللَّهُ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمٌ ١٧٦

Ястафтунака қулиллоҳу юфтикум фи-л-калолаҳ. Инимруун ҳалака лайса лаҳу валаду-в ва лаҳу ухтун фа лаҳо нисфу мо тарак. Ва ҳува ярисуҳа ил-л лам якул лаҳо валад. Фа ин конатаснатайни фа лаҳуму-с-сулусони мим мо тарак. Ва ин кону ихвата-р-риҷола-в ва нисаан фа ли-з-закари мислу ҳаззи-л-унсаянн. Юбаййинуллоҳу лакум ан тазиллу. Валлоҳу би кулли шай-ин Ъалим. 176.

176. Аз ту мехоҳанд, фатво пурсанд, бигӯ: «Аллоҳ ба шумо дар (боби) калола фатво медиҳад: агар марде бимурад, ки фарзанде надорад ва ӯро хоҳаре бошад, пас нисфи он чӣ гузоштааст, барои хоҳараш аст ва он бародар ҳам мерос мебарад аз он хоҳар, агар ӯро фарзанде набошад. Пас, агар ду хоҳар бошанд, пас, ду сеяки аз он чӣ гузоштааст, барои ҳар дуи онҳост. Ва агар хешовандон мардон ва занон бошанд, пас, барои як мард баробари насибаи ду зан аст. Аллоҳ барои шумо ҳаққро баён мекунад, то ин ки гумроҳ нашавед. Ва Аллоҳ ба ҳама чиз доност».

Сабаби нузули ин оятро Имом Аҳмад аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) ривоят кардааст, ки гуфт: “Рӯзе ман бемори сахт шуда аз ҳуш рафта будам. Расулуллоҳ (с) ба аёдати ман омаданд, чун маро дар ҳолати беҳушӣ дид, ӯ (с) таҳорат кард ва аз оби таҳорати худ бар ман пошид. Ман ба ҳуш омадам ва гуфтам: “Меросбарони ман фақат хоҳарони ман ҳастанд, бифармоед, ки тақсимоти мероси онҳо чӣ гуна аст?” Дар ҳамин асно, Аллоҳтаъоло ояти фароиз (мерос)-ро нозил намуда, дар он фармуд, ки ай Муҳаммад (с) мехоҳанд аз ту фатвои мерос бурдани шахси калоларо пурсанд, ту ба онҳо бигӯ, ки фатво ва тариқи меросбарии шахси калоларо Аллоҳ худаш медиҳад. Калола шахсеро гуфта мешавад, ки баъди сари худ фарзанд, ё падарро нагузоштааст. Яъне шахсе вафот кунад, ки ӯ ба ғайри як хоҳар, на фарзанде дорад ва на падар, дар чунин сурат хоҳари ӯ нисфи моли бародари худро мерос мебарад. Агар хоҳар мурад, ба ғайри бародар, падар ё фарзанде надошта бошад, дар чунин сурат ҳамаи моли хоҳарро бародараш, ба якборагӣ мерос мебарад. Агар бародар гузараду хоҳаронаш ду нафар бошанд, дар чунин сурат аз се ду ҳиссаи моли бародарро мерос мебаранд. Агар хоҳарон аз ду зиёд ҳам бошанд, онҳо аз се ду ҳиссаи молро байни худ тақсим мекунанд. Агар шахси калола (бефарзанд) баъди сари худ бародарон ва хоҳаронро гузошта бошад, онҳо мисли фарзандон ҳамаи моли ба мерос мондаро мегиранд, барои мард як ҳисса, барои зан ним ҳисса. Яъне як мард баробари ду зан моли мерос мегирад. Худованд чунин тақсимотро баён намуда, шариат гардонид, то ин ки мардум гумроҳ нашаванд. Аллоҳтаъоло куллиёт ва ҷузъиёти ҳамаи ашёро, ҳатто тақсимоти моли меросро низ донандааст. Лозим ба ёдоварист, ки дар ояти 12-уми ҳамин сура гузашт, ки аз шахси калола бародар, ё хоҳар шашяки моли ӯро мерос мебарад. Аммо Аллоҳтаъоло дар ин оят фармуд, ки хоҳар аз шахси калола нисф ва агар бародар бошад, аз хоҳар ё бародари калола ҳамаи молро ба мерос мебарад, фарқ дар чист? Дон азизам, ки дар ояти 12-ум зикри бародар ва хоҳари “ахёфӣ” модарӣ меравад. Дар ояти таҳти назар бошад, зикри хоҳар ва бародари “аъёнӣ” падарӣ ва модар ва ё “аълотӣ” падарӣ мегузарад.

Бо ҳамин эзоҳи сураи Нисо алҳамдулиллоҳ, ба охир расид.

Ва лиллоҳил ҳамд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нисо Ояти 175 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Моида – Тафсири Осонбаён (Қуръон)