Сураи Муддассир Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Муддассир Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Муддассир Ояти 17

سَاُرۡهِقُهٗ صَعُوۡدًا ١٧

Са урҳиқуҳу саъуда. 17.

17. Ба зудӣ ӯро ба машаққате таклиф (дучор) хоҳем кард.

Яъне дер нест, ӯро ба азоби сахте, ки тоқаташро надорад таклиф мекунем. Чун вориди азоб гардад ба болои санги калони болояш ҳамворкардашуда бояд барояд ва дар баромадан ҳар лаҳза мелағжад, боз бо машаққат боло мебарояд, баъд аз ин ба сӯйи Ҷаҳаннам дар ҳаво партофта мешавад. Тӯли 1000 сол то макони Дӯзах масофа аст. Тарсу азобу машаққати зиёдеро аз сар гузаронида бо сипарӣ гаштани ин муддат ба он макони Дӯзах мерасад. “Ас-саъуда” кӯҳест аз оташ, бо баландии 70-хариф. Кофирон барои ба он баромадан таклиф мешаванд баъдан ба ҷаҳаннам партофта мешаванд. (Аз мазмуни ҳадис).


Рӯйхати оятҳои Сураи Муддассир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Муддассир Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Муддассир Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)