Тафсири Сураи Муддассир Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Муддассир Ояти 22
ثُمَّ عَبَسَ وَبَسَرَۙ ٢٢
Сумма ъабаса ва басар. 22.
22. Баъд аз он рӯй турш кард ва пешона дарҳам кашид,
Баъд аз он Валид мисли як шахсе, ки чораи ягон кори барояш носозгорро меандешад ва дигарон ҳалли масъаларо танҳо аз ӯ интизоранд, қавоқи худро андохт, чеҳра дар ҳам кашида рӯй турш кард ва гуё тадбир наёфта бошад дар ғазаб гардид…
Рӯйхати оятҳои Сураи Муддассир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «