Сураи Муддассир Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Муддассир Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Муддассир Ояти 3

وَرَبَّكَ فَكَبِّرۡ ٣

Ва Раббака фа каббир. 3.

3. Ва Парвардигори худро ба бузургӣ ёд кун.

Дар давоми суханҳои қаблӣ фармудааст, ки эй расули Мо Парвардигоратро бе ниҳоят азим шумор ва бидон ки ғайри Ӯ таъоло касе (чизе) бузургтар нест! Яъне хоссатан Аллоҳтаъоло аз ҳама чиз бузургтар аст ва ҳар кас даъвои чунин сифатро кунад ӯ таҳти азамату бузургии Ӯ таъоло ҳақир қарор хоҳад гирифт.

Эй Ҳабибам (с) ба ҷуз Парвардигорат аз ҳеҷ кас тарсу ваҳм мадор, чун ки ҷони ҳамаи махлуқот дар тасарруфи Парвардигори ту аст. Худои ту дар кибрёӣ мисл надорад. Сазовор аст, ки Парвардигоратро бо такбир ёд кунӣ!


Рӯйхати оятҳои Сураи Муддассир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Муддассир Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Муддассир Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)