Тафсири Сураи Муддассир Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Муддассир Ояти 4
وَثِيَابَكَ فَطَهِّرۡ ٤
Ва сийобака фа таҳҳир. 4.
4. Ва ҷомаҳои худро пок соз.
Яъне эй Муҳаммад (с) либосҳои худро аз наҷасҳо пок бисоз. Аз ин хотир, ки муъмин ибодати Худои покро мекунад ба ӯ лозим аст, ки ба покии хеш чӣ дар ботин ва чӣ дар зоҳир аҳамият бидиҳад. Одати мушрикон аст, ки ҳар ифлосие ба ҷомаҳояшон бирасад, агар доғ надошта бошад аз наҷасии он парво надоранд ва пӯшидани он либоси хабисро идома медиҳанд.
Ё шояд мурод аз тоҳир кардани ҷома дил аст. Яъне қалби худро аз тамоми исёнҳо, фикрҳои мағшуш пок бисоз, зеро барои шахсе, ки мардумро ба роҳи рост ҳидоят мекунад покии дил бениҳоят зарур аст.
Ва одати арабҳо ин буда, ки агар тоза кардани дилро дар назар дошта бошанд мегуфтаннд, ки “Ҷомаи худро пок соз!”.
Рӯйхати оятҳои Сураи Муддассир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «