Тафсири Сураи Муддассир Ояти 31 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Муддассир Ояти 31
وَمَا جَعَلۡنَاۤ اَصۡحٰبَ النَّارِ اِلَّا مَلٰٓٮِٕكَةً ۖوَّمَا جَعَلۡنَا عِدَّتَهُمۡ اِلَّا فِتۡنَةً لِّلَّذِيۡنَ كَفَرُوۡا ۙ لِيَسۡتَيۡقِنَ الَّذِيۡنَ اُوۡتُوا الۡكِتٰبَ وَيَزۡدَادَ الَّذِيۡنَ اٰمَنُوۡۤا اِيۡمَانًا وَّلَا يَرۡتَابَ الَّذِيۡنَ اُوۡتُوا الۡكِتٰبَ وَالۡمُؤۡمِنُوۡنَۙ وَلِيَقُوۡلَ الَّذِيۡنَ فِىۡ قُلُوۡبِهِمۡ مَّرَضٌ وَّالۡكٰفِرُوۡنَ مَاذَاۤ اَرَادَ اللّٰهُ بِهٰذَا مَثَلًا ؕ كَذٰلِكَ يُضِلُّ اللّٰهُ مَنۡ يَّشَآءُ وَيَهۡدِىۡ مَنۡ يَّشَآءُ ؕ وَمَا يَعۡلَمُ جُنُوۡدَ رَبِّكَ اِلَّا هُوَ ؕ وَمَا هِىَ اِلَّا ذِكۡرٰى لِلۡبَشَرِ ٣١
Ва ма ҷаъална асҳаба-н-нари илла малаиката-в ва ма ҷаъална ъиддатаҳум илла фитната-л лил лазӣна кафару ли ястайқина-л-лазӣна уту-л-китаба ва яздада-л-лазӣна аману ӣмана-в ва ла яртаба-л-лазӣна уту-л-китаба ва-л-муъминуна ва ли яқула-л-лазӣна фӣ қулубиҳим-м мараЗу-в ва-л кафируна ма за ародаллоҳу би ҳаза масала. Казалика юЗиллуллоҳу ма-й яшау ва яҳдӣ ма-й яшаъ. Ва ма яъламу ҷунуда Раббика илла Ҳу. Ва ма ҳия илла зикро лил башар. 31.
31. Ва қарор надодем муваккалони Дӯзахро, магар фариштагон, нагардонидем шумори фариштагонро магар имтиҳон аз барои касоне, ки кофир шуданд, то яқин кунанд касоне, ки онҳоро Китоб дода шуд. Ва то зиёда шавад имони касоне, ки имон оварданд ва то аҳли Китоб ва муъминҳо шак накунанд ва то касоне ки дар дилҳояшон беморист ва кофирон бигӯянд: «Аллоҳ ба ин мисолу достон (адади нуздаҳ) чӣ чиз ирода кардааст?» Ҳамчунин Аллоҳ шахсеро хоҳад, гумроҳ мекунад ва касеро, ки хоҳад, ҳидоят мекунад ва лашкари Парвардигори туро ҷуз Худаш касе намедонад. Ва ин ҷуз панд барои мардум чизи дигаре нест.
Муваккалҳои Дӯзах инсонҳо нестанд, ки шумо бо зарби зӯрии худ онҳоро дар ҳам занед ва ба мақсади худ расед. Аллоҳтаъоло мегӯяд, ки мо хазанаҳои (соҳибони) сақарро фариштаҳо гардонидем, ки онҳо бисёр бузургу пурқувват ҳастанд. Шумо ба онҳо сару панҷа карда наметавонед. Фикру андешаи шумо бисёр ғалату пучу аҳмақона аст. Мо адади онҳоро на кам ва на зиёд 19 нафар гардонидем, ин якчанд озмоиш ва фитнаи кофирон аст. Онҳо масхара карда мегуфтанд: “Агар сақар чунин бошаду чунон, ин адади 19 малоика кам аст, сад нафари шумо (қурайшиҳо) метавонед яке аз онҳоро бикӯбеду аз нори сақар хориҷ шавед.”
Аллоҳтаъоло адади малоики муваккали дӯзахро барои он чун 19 нафар маълумот додааст, ки аз ростгӯии Муҳаммад (с), онҳоро огоҳ созад Расулуллоҳ (с) ба онҳо гуфт: “Ин Қуръон аз назди Худованд аст, то аҳли китоб яқину боварӣ ҳосил кунанд. Зеро аҳли китоб дар китобҳои самовии худашон ҳам ёфта буданд, ки адади малоики соҳиби Дӯзах 19 нафаранд. Қуръон дар ин мисол бо китобҳои онҳо, ки Таврот ва Инҷил аст мувофиқ омадааст.”
Худованд адади онҳоро муайан намуд то бовариву имони муъминон аз рӯйи тасдиқ ба Худои ягона ва расулаш, ки ин сухани Қуръон ба Таврот ва Инҷил мувофиқ омадааст имонашон зиёда шавад ва бидонанд, ки Қуръон китоби илоҳӣ аст. Агарчӣ аҳли китоб медонистанд, ки адади онҳо 19 нафар аст ба таври имтиҳон аз расули Худо (с) пурсиданд, ки шумори фариштаҳои зимомдори Дӯзах чанд аст? Расули Худо (с) дар ҷавоб гуфт, ки 19 нафаранд! Агарчи имон наоварданд, вале баъзе инсофдорони онҳо инро тасдиқ карданд. Хулоса, муъайян кардани адади онҳо барои онаст, ки муъминҳо ва аҳли китоб дар адади фариштагони молики сақар шакку шубҳа накунанд. Касоне ки дар дилҳояшон марази буғзу фитна ва нифоқ вуҷуд дорад ҳамчун кофирҳо мегуфтанд ба ин мисолу муқаддима Ӯ таъоло чиро ирода дорад?
Ба таҳқиқ расули Худо (с) медонист, ки вақте қурайшиҳоро аз адади аҷиби хозинҳои Дӯзах хабар диҳад онҳо ба мазоҳу масхараи ӯ машғул мешуданд. Зеро онҳо аз қудрати Аллоҳтаъоло бехабаранд, ки ин 19 фаришта чунон бузурганд, ки тамоми зимоми сақарро ҷо ба ҷо гузошта, аз уҳдаи он мебароянд. Дар охир Худованди мутаъол мақсади ин хабарро баён карда, гуфт, ки гумроҳ мекунад Ӯ таъоло аз ҳидоят ва имон шахсеро, ки хоҳад. Ҳамчунин ҳидоят мекунад шахсеро, ки ҳидояташро ирода дошта бошад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Муддассир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «
Адади малоикаҳо, қуввату бузургию ҷуссаву пайкарашонро ба ҷуз Аллоҳ касе намедонад. Касе тавоноӣ ва бисёрии лашкари ӯро низ надонад. Аммо Абӯҷаҳли бадбахт шунид, ки фариштаҳои масъули Дӯзах 19-тоанд ва дигар ёваре надоранд гуфт: Худо оташи сақарро ин қадар калон сифат кард, вале бо он бузургияш ҳамагӣ 19 фариштаро ба он вазифадор кардааст? Чунин панду ҳикмату мисолҳо барои одамон ба ғайри мавъиза ва панд гирифтан чизи дигаре нест, то ки мардум дарси ибрат гиранду пайраву тобеъи роҳи Ҳақ шаванд.