Тафсири Сураи Муддассир Ояти 30 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Муддассир Ояти 30
عَلَيۡهَا تِسۡعَةَ عَشَرَؕ ٣٠
Ъалайҳа тисъата ъашар. 30.
30. Бар Дӯзах нуздаҳ нафар фариштагон муваккаланд.
Яъне фариштаҳои дар Дӯзах муваккал кардаи Аллоҳтаъоло нуздаҳ нафаранд. Марвист, ки чун ин оят нозил шуд Абӯҷаҳл ба қурайшиҳо гуфт: “Модаратон бар шумо бигиряд! Бишнавед писари Абикабшаҳ, (Муҳаммад) чӣ мегӯяд? Ӯ мегӯяд хазанаҳои нор нуздаҳ нафаранд. Шумо бошед ҷамоъаи шуҷоъҳо ҳастед, оё ҳар даҳи шумо наметавонед яке аз аз онҳоро кифоя кунед?” Абӯлашади Ал Ҷумаҳӣ, ки яке аз нерӯмандтарин ва паҳлавон миёни онҳо буд бо истеҳзо гуфт: “Ман 17 нафари онҳоро аз по мезанам, шумо бошед дуи дигари онҳоро кифоя шавед!”
Дар ин асно ояти зерин нозил шуд:
Рӯйхати оятҳои Сураи Муддассир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «