Сураи Муддассир Ояти 36 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Муддассир Ояти 36 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Муддассир Ояти 36

نَذِيۡرًا لِّلۡبَشَرِۙ ٣٦

Назӣра-л лил башар. 36.

36. Аз барои мардум тарсонанда аст.

Ба ҳар махлуқе, ки Аллоҳтаъоло қасам ёд кунад он махлуқ назди Ӯ таъоло мартабаи бузурге дорад. Яъне қасам ба Моҳ, шаб, субҳ, ки албатта, Ҷаҳаннаму азобу уқубати бениҳояти он хусусан, барои мушрикҳои Макка яке аз балоҳои хатарнок аст, ки монанд надорад. Шумо онро масхара нагиред. Зеро Дӯзах яке аз махлуқҳои бузурги Аллоҳтаъоло буда барои мушрикон ва то ин, ки инсонҳо Парвардигори худро ҳозиру-нозир дониста аз Ӯ битарсанд ва ба Ӯ наздик шаванд як чизи бимдиҳанда ва тарсонанда аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Муддассир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Муддассир Ояти 35 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Муддассир Ояти 37 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)