Тафсири Сураи Муддассир Ояти 37 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Муддассир Ояти 37
لِمَنۡ شَآءَ مِنۡكُمۡ اَنۡ يَّتَقَدَّمَ اَوۡ يَتَاَخَّرَؕ ٣٧
Лиман шаа минкум ай ятақаддама ав ятааххар. 37.
37. Барои ҳар шахсе аз шумо хоҳад бо тоъат пештар ояд ё хоҳад бо маъсият пас монад.
Баъди баёни сифати Ҷаҳаннам ва ходимҳои он Аллоҳтаъоло фармудааст, ки касе тақарруби Парвардигорашро хоҳад ба амалҳои хайр машғул шавад ва ба Худои худ наздик гардад. Шахсе хоҳад, ки тақарруб ба Худо надошта бошад ва аз раҳмати Ӯ баҳравар нашавад пас, ихтиёр дорад, ки гуноҳ кунаду аз раҳмати Парвардигор дур гардад.
Хулоса, баъди ин қадар панду насиҳат касе хоҳад муъмин шавад ва касе хоҳад кофир шавад хоҳ нохоҳ…
Рӯйхати оятҳои Сураи Муддассир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «