Тафсири Сураи Муддассир Ояти 52 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Муддассир Ояти 52
بَلۡ يُرِيۡدُ كُلُّ امۡرِىٴٍ مِّنۡهُمۡ اَنۡ يُّؤۡتٰى صُحُفًا مُّنَشَّرَةً ٥٢
Бал юрӣду куллумрии-м минҳум ай юъта суҳуфа-м мунашшараҳ. 52.
52. Балки ҳар шахсе аз онҳо мехоҳад, ки ба ӯ номаҳои кушода дода шавад.
Онҳо сухани Расулуллоҳ (с)-ро қабул накарда балки мехоҳанд, ки ба ҳар яки онҳо мисли Қуръон саҳифаҳо нозил шавад ва ваҳйи Худо биёяд он гоҳ итоат кунанд? Ҳаргиз ин хел нахоҳад шуд. Онҳо аз рӯйи ҳамоқат ҳаминро ҳам мехоҳанд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Муддассир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «