Сураи Муҳаммад Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Мухаммад Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Муҳаммад Ояти 26

ذٰلِكَ بِاَنَّهُمۡ قَالُوۡا لِلَّذِيۡنَ كَرِهُوۡا مَا نَزَّلَ اللّٰهُ سَنُطِيۡعُكُمۡ فِىۡ بَعۡضِ الۡاَمۡرِ ۖۚ وَاللّٰهُ يَعۡلَمُ اِسۡرَارَهُمۡ ٢٦

Залика би аннаҳум қолу лил лазӣна кариҳу ма наззалаллоҳу санутӣъукум фӣ баъЗи-л амр. Валлоҳу яъламу исрораҳум. 26.

26. Ин (муртад шудан) ба сабаби он аст, ки онҳо барои касоне ки чизеро, ки Аллоҳ фурӯ фиристод (чун яҳуду насоро), написандиданд гуфтанд: «Дар баъзе корҳо шуморо фармонбардорӣ хоҳем кард». Ва (ҳол он ки бо Яхудиён) роз гуфтани шуморо Аллоҳ медонад.

Мазмуни ояти мазкур, валлоҳу аълам, як сирри мунофиқони замони нузули Қуръон аст, ки Аллоҳ таъоло онро баръало ошкор намудааст. Яъне мунофиқон ба яҳудиҳои зиддиисломии он давр ва инчунин бо дигар душманони исломи дар атрофашонбуда, бо таври махфӣ гуфтанд, ки, шумо аз мо мутмаин бошеду хавотир машавед, мо зоҳиран Исломро қабул кардем. Мо ҳеҷ гоҳ ба мусалмонон ҳамраъю муттаҳид намешавем ва ба муқобили шумо нахоҳем ҷангид. Агар имконият ёфтем, баръакс барои шумо кӯмаки худро дареғ намедорем. Ҳамчунин агар илоҷ бошад, дар баъзе корҳо аз шумо фармонбардорӣ мекунем. Хайр бигзор ин аҳднома миёни мунофиқон ва душманони мусулмонҳо пинҳонию махфӣ баста шуд, магар ин сир аз Худованде, ки бар ҳама чиз доност, пинҳон монд? Албатта не!

Барои фаҳмидани оқибати кори ингуна мунофиқон ба ояти зерин таваҷҷӯҳ зоҳир мекунем:


Рӯйхати оятҳои Сураи Муҳаммад «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Муҳаммад Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Муҳаммад Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)