Сураи Муҳаммад Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Мухаммад Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Муҳаммад Ояти 27

فَكَيۡفَ اِذَا تَوَفَّتۡهُمُ الۡمَلٰٓٮِٕكَةُ يَضۡرِبُوۡنَ وُجُوۡهَهُمۡ وَاَدۡبَارَهُمۡ ٢٧

Фа кайфа иза таваффатҳуму-л-малаикату яЗрибуна вуҷуҳаҳум ва адбараҳум. 27.

27. Пас, чун фариштагон қабзи арвоҳи онҳоро кунанд, дар ҳоле ки ба рӯйҳои онҳо ва пуштҳои онҳо мезананд, ҳолашон чӣ гуна бошад?

Яъне он ҷамоъаи мунофиқон ва монанди онҳое, ки дар дунё аз шайтанат холӣ набуда, ба ҳар гуна ҳиллаву найранг алайҳи Ислому муслимин умр ба сар мебаранд, чун марги онҳо бирасад, фариштагони азоб барои рабудани ҷонҳои онҳо биёянд, макри онҳо дар он вақт дигар бакор наояд, чӣ кор карда метавонанд? Он фариштагони бо асбобҳои азобдиҳӣ мусаллаҳ ҳар гоҳе ба рӯйҳою пуштҳояшон зарбаҳо зананд, аз кӣ ёрӣ мепурсанду ба куҷо паноҳ мебаранд? Ҳарчанд атрофиёни мунофиқон маросими азобдиҳии дами ҷон додани онҳоро ба чашм намебинанд, вале аз маънои ин ояти карима яқин аст, ки то азоб накунанд, рӯҳи мунофиқонро фариштагон қабз насозанд. Алъайёзу биллоҳ.

Ояти зерин суханро давом медиҳад…


Рӯйхати оятҳои Сураи Муҳаммад «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Муҳаммад Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Муҳаммад Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)