Тафсири Сураи Мухаммад Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Муҳаммад Ояти 29
اَمۡ حَسِبَ الَّذِيۡنَ فِىۡ قُلُوۡبِهِمۡ مَّرَضٌ اَنۡ لَّنۡ يُّخۡرِجَ اللّٰهُ اَضۡغَانَهُمۡ ٢٩
Ам ҳасиба-л-лазӣна фӣ қулубиҳим-м мараЗун ал ла-й юхриҷаллоҳу аЗғанаҳум. 29.
29. Оё ононе, ки дар дилҳояшон мараз (нифоқ) аст, пиндоштанд, ки ҳаргиз Аллоҳ кинаҳои онҳоро зоҳир намекунад?
Магар мунофиқон хаёл мекунанд, ки кинаву бухли нисбат ба Ислом доштаашон махфӣ боқӣ мемонад? Магар кинаҳои дар дил нуҳуфтаи онҳоро Ӯ таъоло ошкор намесозад? Мусалмонон аз ҳиллаву найранг ва мақсадҳои ғаразноки онҳо огоҳ намешаванд? Ҳаргиз чунин нахохад шуд. Бадбинии ботинии онҳо ҳатман рӯзе зоҳир мегардад. Худованд имтиҳонеро пеш хоҳад овард, ки он парда аз рӯйи бандаи муъмину шахси мунофиқ хоҳад бардошт. Шинохтани мунофиқ душвор нест, зеро Аллоҳ таъоло фармудааст:
Рӯйхати оятҳои Сураи Муҳаммад «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «