Тафсири Сураи Мухаммад Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Муҳаммад Ояти 28
ذٰلِكَ بِاَنَّهُمُ اتَّبَعُوۡا مَاۤ اَسۡخَطَ اللّٰهَ وَكَرِهُوۡا رِضۡوَانَهٗ فَاَحۡبَطَ اَعۡمَالَهُمۡ ٢٨
Залика би аннаҳуму-т-табаъу ма асхаталлоҳа ва кариҳу риЗванаҳу фа аҳбата аъмалаҳум. 28.
28. Ин ба сабаби он аст, ки чизеро пайравӣ карданд, ки Аллоҳро ба хашм оварданд ва ризои Аллоҳро написандиданд. Пас, Аллоҳ амалҳои онҳоро зоеъ сохт.
Аллоҳ таъоло мегӯяд, ки мунофиқон ба он сабаб дар дами ҷон кандан мавриди азоб қарор мегиранд, ки ба роҳи нифоқ рафта, хашми Худоро оварданд ва аз роҳи писандидаи Худованд хориҷ гардида, имон овардану тоъату ибодатро номатлуб донистанд. Дар асари куфру нифоқ, ҳама амалҳои неке, ки доштаанд, Ӯ таъоло бекор гардониду зоеъ сохт. Дар охират аз он амалҳои зойеъшуда ҳеҷ суде ба онҳо намерасад.
Хулоса, мунофиқон дар ҳолати ҷондиҳӣ азоби дарднокро чашанд ҳам, аз азоби охират дар амон нахоҳанд монд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Муҳаммад «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «