Тафсири Сураи Мухаммад Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Муҳаммад Ояти 5
سَيَهۡدِيۡهِمۡ وَيُصۡلِحُ بَالَهُمۡۚ ٥
Саяҳдӣҳим ва юслиҳу балаҳум.5.
5. Ба зудӣ онҳоро роҳ намояд ва ҳоли онҳоро ислоҳ кунад,
Шахсонеро, ки аз имтиҳони илоҳӣ гузаштаанд, зуд аст, ки Аллоҳ таъоло, чи дар дунё ва чи дар охират, ба роҳи манфиъат ҳидоят менамояд. Аз он ҷумла, тафвиқу инсофи хубтар нисбат ба гузашта пайдо мекунанд, аз ин баъд даст ба гуноҳҳои кабира намезананд, амалҳои солеҳро анҷом медиҳанд ва ғайра. Ин гуна ҳидояту раҳнамоӣ намунаест, ки Ӯ таъоло ба чунин бандагони Худ раҳматашро арзонӣ медораду ба сӯйи Ҷаннате, ки он мақоми некӯкорон аст, раҳсипорашон мегардонад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Муҳаммад «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «