Сураи Муҷодала Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Мучодала Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Муҷодала Ояти 10

اِنَّمَا النَّجۡوٰى مِنَ الشَّيۡطٰنِ لِيَحۡزُنَ الَّذِيۡنَ اٰمَنُوۡا وَلَيۡسَ بِضَآرِّهِمۡ شَيۡـًٔـا اِلَّا بِاِذۡنِ اللّٰهِ‌ؕ وَعَلَى اللّٰهِ فَلۡيَتَوَكَّلِ الۡمُؤۡمِنُوۡنَ‏ ١٠

Иннама-н-наҷва мина-ш-шайтони ли яҳзуна-л-лазӣна аману ва лайса биЗорриҳим шай-ан илла би изниллаҳ. Ва ъалаллоҳи фа-л-ятаваккали-л муъминун. 10.

10. Албатта, рози бад гуфтан аз кори шайтон аст, то шахсонеро, ки имон оварданд, андӯҳгин созад. Ва ба онҳо ҳеҷ чиз зарар расонанда нест, магар ба хости Аллоҳ ва бояд муъминҳо бар Аллоҳ таваккул кунанд.

Мушоҳида кардаед, ки бинобар одате, ки мардум доранд, ду нафар ё се нафар аз ҷамоат ҷудо шуда байни худ оҳиста-оҳиста то дигарон нашунаванд суҳбати гӯшакӣ меороянд. Ин одати бад аст. Чунин рафтор боиси нобоварӣ ва парешонии ҷомеаи муъминон мегардад. Шахсоне ба ин одати бад гирифтор бояд донанд, ки розҳои гӯшакие, ки бо ҳам мекунанд ба одати шайтон монанд аст, зеро шайтон ба ҳар кас алоҳида, ба дигарон нашунавонида васваса мекунад, то дар дили мардум ғаму андӯҳро ҷо кунад. Муъминон аз машваратҳои гӯшакии ин гурӯҳ наҳаросанд. Зеро бе иродаи Аллоҳтаъоло ягон зараре ба муъминон намерасад. Ӯ таъоло муъминонро аз шарри (зарари) онҳо нигаҳ медорад. Муъминон ба Худо бояд таваккал созанд.

Дар ҳадис омада: “Агар шумо се нафаред, пас набояд дуи шумо ба ҳамдигар гӯшакӣ созед, зеро нафари сеюми шумо аз ин рафтори шумо меранҷад”.

Аз рӯи одат сухани гӯшакӣ аксари вақт дар ҷамъомадҳо воқеъ мегардад. Бинобар ин, ояти оянда одоби маҷлисороиро ба мо таълим медиҳад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Муҷодала «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Муҷодала Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Муҷодала Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)