Тафсири Сураи Мучодала Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Муҷодала Ояти 9
يٰۤاَيُّهَا الَّذِيۡنَ اٰمَنُوۡۤا اِذَا تَنَاجَيۡتُمۡ فَلَا تَـتَـنَاجَوۡا بِالۡاِثۡمِ وَالۡعُدۡوَانِ وَمَعۡصِيَتِ الرَّسُوۡلِ وَتَنَاجَوۡا بِالۡبِرِّ وَالتَّقۡوٰىؕ وَاتَّقُوا اللّٰهَ الَّذِىۡۤ اِلَيۡهِ تُحۡشَرُوۡنَ ٩
Йа айюҳа-л-лазӣна аману иза танаҷайтум фа ла татанаҷав би-л-исми ва-л-ъудвани ва маъсияти-р-расули ва танаҷав би-л бирри ва-т-тақва ва-т-тақуллоҳа-л-лази илайҳи туҳшарун. 9.
9. Эй онҳое ки имон овардаед, ҳар вақто бо ҳамдигар роз гуфтанӣ шавед, дар боби гуноҳу таъаддӣ (душманӣ) ва нофармонбардории Паёмбар роз магӯед. Ва дар (боби) некӯию парҳезгорӣ роз гӯед ва аз Худо битарсед, он Худое ки ба сӯйи Ӯ ҳозир хоҳед шуд!
Ин оят ба мусулмонон дар боби суҳбат кардану роз гуфтан таълимаст. Сухани пасту гӯшакӣ ба шарте ҷоиз аст, ки дар боби гуноҳ набошад. Ҳамчунин сухани гӯшакӣ равост, агар хилофи амри Худованд ва дар он нисбати Ӯ таъоло ва Расулаш (с) суханҳо душманӣ набошад сари масъалае, ки ба он Аллоҳтаъоло розӣ бошад ва хушнуд гардад метавонед ,бо ҳамдигар роз гӯед.
Дар роз гуфтан аз сирру асрори олуда бо зулму гуноҳ аз Худо он чунон Худое, ки дер нест боз гаштани шумо аз барои ҳисобу китоби аъмолатон ба сӯйи Ӯ, битарсед. Албатта, дар он рӯз ҳама ба сӯи Парвардигор ҳашр хоҳанд шуд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Муҷодала «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «