Сураи Муҷодала Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Мучодала Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Муҷодала Ояти 12

يٰۤاَيُّهَا الَّذِيۡنَ اٰمَنُوۡۤا اِذَا نَاجَيۡتُمُ الرَّسُوۡلَ فَقَدِّمُوۡا بَيۡنَ يَدَىۡ نَجۡوٰٮكُمۡ صَدَقَةً ‌ؕ ذٰلِكَ خَيۡرٌ لَّكُمۡ وَاَطۡهَرُ ‌ؕ فَاِنۡ لَّمۡ تَجِدُوۡا فَاِنَّ اللّٰهَ غَفُوۡرٌ رَّحِيۡمٌ ١٢

Йа айюҳа-л-лазӣна аману иза наҷайтуму-р расула фа қаддиму байна ядай наҷвакум садақаҳ. залика хайру-л-лакум ва атҳар. Фа ил лам таҷиду фа инналлоҳа Ғафуру-р-Раҳӣм. 12.

12. Эй касоне ки имон овардаед, ҳар вақто ки хоҳед бо Паёмбар роз гӯед, пеш аз роз гуфтанатон ба бенавоён садақаро тақдим кунед! Ин кор шуморо беҳтар ва покизатар аст. Пас, агар (садақаро) наёбед, албатта, Аллоҳ мағфираткунандаву меҳрубон аст.

Сабаби нозил шудани ин оятро чунин ривоят кардаанд. Он замон мардум акнун Исломро қабул кардаву ба он мегаравиданд, баъзе худнамоӣ карда, баҳудаву беҳуда назди Расулуллоҳ (с) омада роз мегуфтанд. Бо гузашти айём адади ингуна шахсон бисёр шуданд ва вақти пурқиммати Расулуллоҳ (с)-ро беҳуда мегирифтанд. Ба хосса, ашхоси сарватманд барои ба чашми мардум ҷилва додани эътиқоду мусалмонии худ чунин рафтор мекарданд.

Аҷаб нест аз дили хонанда гумоне гузарад, ки шояд онҳо бо нияти холис ва холӣ аз кибру ғурур назди Расули Худо (с) меомаданд. На, чунин нест! Аллоҳтаъоло аз дилу нияти ҳар бандаи муъмин огаҳу хабардор аст ва ба илми қадими Худ медонад, ки дар дили бандааш чӣ асроре нуҳуфта аст.

Бинобар он ки вақти Расулуллоҳ (с) бар абас нагузарад, ин оят нозил шуд. Яъне ҳар касе хоҳад, ки ба суҳбати Расулуллоҳ (с) мушарраф шавад ва бо Ӯ роз бигӯяд, лозим аст, ки қаблан ба фақирон садақа бидиҳад. Нахуст садақа додан барои шумо афзалу беҳтар аст, назди Аллоҳтаъоло ва ҳамчунин ин гуна садақа поккунандаи гуноҳони шумо аст.

Агар аз рӯи фақирӣ имкони садақа додан набошад, Худованд шуморо мебахшад ва афв мекунад.

Зеро ки таклифи шаръӣ ба қадри қуввату тавоноии ҳар кас аст.

Дар додани чунин садақа назди уламои боиззат чандин манфиъат ҳаст, ки мегӯянд: “Аввал вақти Пайғамбари Худо (с) беҳуда наравад, дувум баҳравар шудани фақирон аз садақа, севум чудо кардани шахси мувофиқ аз мунофиқ, чаҳорум ба ҷо омадани иззати Расулуллоҳ (с) панҷум маълум гаштани шахси дунёпараст ва толиби охират”.

Вале ҳукми ин оят бо нозил гаштани ояти зер мансух гардонида шуд. Вақте ин оят нозил шуд, Ҳазрати Алӣ (р) чунин гуфта, ки ман як динор доштам, онро ба даҳ дирҳам майда карда, даҳ маротиб ба бенавоён як дирҳамӣ садақа дода, назди Расулуллоҳ (с) даромадам ва даҳ масъалаи муҳимро барои худ таълим гирифтам. Ҳеҷ кас мисли ман накард ва намекунад.

Ин ривоятро уламо заъиф шуморидаанд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Муҷодала «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Муҷодала Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Муҷодала Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)