Тафсири Сураи Мучодала Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Муҷодала Ояти 13
ءَاَشۡفَقۡتُمۡ اَنۡ تُقَدِّمُوۡا بَيۡنَ يَدَىۡ نَجۡوٰٮكُمۡ صَدَقٰتٍ ؕ فَاِذۡ لَمۡ تَفۡعَلُوۡا وَتَابَ اللّٰهُ عَلَيۡكُمۡ فَاَقِيۡمُوا الصَّلٰوةَ وَ اٰتُوا الزَّكٰوةَ وَاَطِيۡعُوا اللّٰهَ وَرَسُوۡلَهٗ ؕ وَاللّٰهُ خَبِيۡرٌۢ بِمَا تَعۡمَلُوۡنَ ١٣
А-ашфақтум ан туқаддиму байна ядай наҷвакум садақот. Фа из лам тафъалу ва табаллоҳу ъалайкум фа ақӣму-с-салата ва ату-з-заката ва атӣъуллоҳа ва расулаҳ. Валлоҳу Хабӣрун би ма таъмалун. 13.
13. Оё аз тақдими садақаҳо пеш аз роз гуфтан тарсидед? Пас, чун (инро) накардед, Аллоҳ аз шумо даргузашт. Пас, намозро барпо доред ва закотро бидиҳед ва Худо ва Расулашро итоъат кунед ва Аллоҳ бо он чӣ мекунед, хабардор аст.
Ин итоби нарм аст, барои муъминон. Аллоҳтаъоло мегӯяд, ки шумо муъминон дар додани садақа пеш аз роз гуфтан бо Расулуллоҳ (с) аз фақирию камбағалӣ хавф бурдед.
Натарсед, зеро Худованд ғанӣ аст ва ҳамаи хазинаи осмонҳо ва Замин дар тасарруфи Вай аст ва Ӯ шуморо ризқ медиҳад. Чун он чиро, ки ба шумо амр шуда буд, ба ҷо наовардед ва он амр ба шумо гаронӣ кард, пас, Аллоҳтаъоло шуморо афв мекунад ба ин тариқа, ки бе садақаи қаблӣ ба Расуллулоҳ (с) роз бигӯед ва ба ҷойи он садақа намози худро дар вақташ бигузоред, закоти молро бидиҳед ва ба амри Худову Расули Вай (с) дар ҷамиъи ҳол итоат кунед. Аллоҳтаъоло аз ҳама амалҳои шумо бохабар аст.
Ҳазрати Ибни Аббос (р) чунин гуфта, ки ҳукми ояти (12-ум) ҳанӯз амалӣ нашуда, баъди чанд соате он рӯз бо ояти дигар (13-ум) мансух гардид.
Додани закоти фарзӣ барои муъминон бо амри Аллоҳтаъоло ҷорӣ гардид.
Рӯйхати оятҳои Сураи Муҷодала «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «