Сураи Муҷодала Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Мучодала Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Муҷодала Ояти 16

اِتَّخَذُوۡۤا اَيۡمَانَهُمۡ جُنَّةً فَصَدُّوۡا عَنۡ سَبِيۡلِ اللّٰهِ فَلَهُمۡ عَذَابٌ مُّهِيۡنٌ ١٦

Иттахазу айманаҳум ҷуннатан фасадду ъан сабӣлиллаҳи фа лаҳум ъазабу-м муҳӣн. 16.

16. Савгандҳои худро сипар гирифтанд, мардумро аз роҳи Худо боздоштанд, пас, барои онҳост азоби хоркунанда аст.

Тавре дар боло гуфтем, мунофиқон барои исботи мусулмонии худ бардурӯғ савганд мехӯранд. Ва ин қасами дурӯғашонро чун сипар барои муҳофизаташон истифода мебаранд.

Худро мусалмон мешуморанд, аммо дигаронро бо роҳи дар дилҳояшон ҷой додани гумону шубҳаву дудилагӣ аз Ислом дур месозанд. Макру ҳилаву найрангро истифода бурда, кори мусалмононро билъакс маънидод мекунанд. Барои ин амалҳои зишташон Худованд баҳри онҳо ҷазою азоби хоркунанда омода сохтааст, зеро ин ки…


Рӯйхати оятҳои Сураи Муҷодала «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Муҷодала Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Муҷодала Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)