Тафсири Сураи Мучодала Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Муҷодала Ояти 17
لَنۡ تُغۡنِىَ عَنۡهُمۡ اَمۡوَالُهُمۡ وَلَاۤ اَوۡلَادُهُمۡ مِّنَ اللّٰهِ شَيۡــًٔـا ؕ اُولٰٓٮِٕكَ اَصۡحٰبُ النَّارِ ؕ هُمۡ فِيۡهَا خٰلِدُوۡنَ ١٧
Лан туғния ъанҳум амвалуҳум ва ла авладуҳум миналлоҳи шай-а. Улаика асҳабу-н-нари ҳум фӣҳа холидун. 17.
17. Онҳоро на молҳояшон ва на авлодашон ва на чизи дигар аз азоби Аллоҳ бе ҳоҷат насозад. Онҳо аҳли норанд, дар он ҷо ҷовидон бошанд.
Фардо рӯзи қиёмат ин тоифаро на молашон аз азоби омодакардаи Аллоҳтаъоло наҷот дода метавонад ва на авлодашону ва на чизи дигар. Зеро онҳо (мунофиқон) аз аҳли нор (Дӯзах) ҳастанд ва ҷовидон дар нор бимонанд. Онҳо, чунон ки дар ин дунё қасами бардурӯғ мехӯранд, фардо рӯзи қиёмат ҳам савганди бардурӯғ хӯрда, худро наҷот доданӣ мешаванд, вале Худоро фиреб карда наметавонанд. Ба ин корашон боз ҳам расвову шармандатар мегарданд:
Рӯйхати оятҳои Сураи Муҷодала «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «