Тафсири Сураи Мучодала Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Муҷодала Ояти 19
اِسۡتَحۡوَذَ عَلَيۡهِمُ الشَّيۡطٰنُ فَاَنۡسٰٮهُمۡ ذِكۡرَ اللّٰهِؕ اُولٰٓٮِٕكَ حِزۡبُ الشَّيۡطٰنِؕ اَلَاۤ اِنَّ حِزۡبَ الشَّيۡطٰنِ هُمُ الۡخٰسِرُوۡنَ ١٩
Истаҳваза ъалайҳиму-ш-шайтону фа ансаҳум зикраллоҳ. Улаика ҳизбу-ш-шайтон. Ала инна ҳизба-ш-шайтони ҳуму-л-хосирун. 19.
19. Шайтон бар мунофиқон ғолиб омадааст, пас, аз онҳо зикри Худоро фаромӯш сохт. Он ҷамоъат ҳизби шайтонанд. Огоҳ шав, албатта, ҳизби шайтон зиёнкоранд.
Шахсоне ки шайтон бар онҳо ва бар дилҳои онҳо соҳиб шудаву бар нафси онҳо ғолиб омадааст, мисли мунофиқон зикри Худоро фаромӯш кардаанд. Касе ба ин ҳол гирифтор аст, пас, вай аз гурӯҳи тобеъу ёвари шайтон аст.
Яъне, чунин афрод аъзои ҳизби шайтонанд. Аз ин тоифа бипарҳезед ва эҳтиёт бошед. Зеро онҳо гумроҳшуда ва бисёр зиёнкоранд. Бо чунин рафторашон, ки тобеъи шайтон шудаанд аз неъматҳои доимӣ рӯй гардонида, худро ба коми азоби доимӣ андохта ва худро мағлуб сохтаанд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Муҷодала «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «