Тафсири Сураи Мучодала Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Муҷодала Ояти 18
يَوۡمَ يَبۡعَثُهُمُ اللّٰهُ جَمِيۡعًا فَيَحۡلِفُوۡنَ لَهٗ كَمَا يَحۡلِفُوۡنَ لَـكُمۡ وَيَحۡسَبُوۡنَ اَنَّهُمۡ عَلٰى شَىۡءٍ ؕ اَلَاۤ اِنَّهُمۡ هُمُ الۡكٰذِبُوۡنَ ١٨
Явма ябъасуҳумуллоҳу ҷамӣъан фа яҳлифуна лаҳу кама яҳлифуна лакум. Ва яҳсабуна аннаҳум ъала шайъ. Ала иннаҳум ҳуму-л казибун. 18.
18. Рӯзе ки Аллоҳ онҳоро ҳама як ҷо барангезад, онҳо, чуноне ки барои шумо қасам мехӯрданд, дар ҳузури Аллоҳ савганд хӯранд ва мепиндоранд, ки онҳо бар чизе, албатта бархурдор ҳастанд. Огоҳ шав, албатта, онҳо худашон дурӯғгӯ ҳастанд.
Ҳангоме ки Аллоҳтаъоло дар рӯзи қиёмат ҳамаро аз сари нав зинда сохта, як ҷо ҷамъ меорад ва ҳисобу китоби аъмоли ҳар як нафар мавриди санҷиш қарор мегирад, мунофиқон, чунон ки дар боло ишора рафт, барои наҷоти худ ҷасорат карда, савганди бардурӯғ мехӯранд, зеро дар ин дунё бо забон овардани қасами дурӯғ чандин бор аз қатл раҳо ёфта буданд ва гумон мекунанд, ки рӯзи қиёмат ҳам аз азоб наҷот меёбанд.
Чун шариъат зоҳирпараст аст, савганди онҳо дар ин дунё қабул шуд, вале чун Худованд аз замири онҳо бохабар аст, дар охират ин ақидаашон ботил гардида, нафъе намедиҳад, чунки Аллоҳтаъоло “Ъалломул ғуюб” (аз ғайб огоҳ) аст. Пас, эй мардум, битарсед аз шармандагии рӯзи қиёмат ва мунофиқӣ накунед.
Рӯйхати оятҳои Сураи Муҷодала «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «