Сураи Муҷодала Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Мучодала Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Муҷодала Ояти 21

كَتَبَ اللّٰهُ لَاَغۡلِبَنَّ اَنَا وَرُسُلِىۡ‌ؕ اِنَّ اللّٰهَ قَوِىٌّ عَزِيۡزٌ ٢١

Катабаллоҳу ла ағлибанна ана ва русулӣ. Инналлоҳа Қавийюн Ъазӣз. 21.

21. Аллоҳ (чунин) ҳукм карда аст: «Албатта, Ман ғолиб шавам ва расулони Ман ғолиб шаванд. Албатта, Аллоҳ тавонову ғолиб аст!»

Зимни мазмуни ояти мазкура чунин омада, ки ба сифатҳои тавоноӣ ва ғолибии Ӯ таъоло, ҳеҷ чиз баробар шуда наметавонад. Офаридгор дар китоби Худ чунин ҳукм кардааст, ки албатта Ӯ ва фиристодагонаш, яъне расулонаш бар ҳама онҳое, ки душманӣ меварзанд, ғолиб меоянд. Ҳеҷ кас бар Ӯ таъоло пирӯз наомадааст ва намеояд. Ҳама душманони Ӯ ва душманони расулони Ӯ мағлуб шудаанд. Худованд ба онҳое, ки ба Ӯ тоъоло ва расулони Ӯ таъоло ва ба китобҳои Ӯ мухолифат накарданд, дар дунё ва охират нусрат ато мекунад. Барои ҳамин…


Рӯйхати оятҳои Сураи Муҷодала «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Муҷодала Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Муҷодала Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)