Сураи Муҷодала Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Мучодала Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Муҷодала Ояти 22

لَا تَجِدُ قَوۡمًا يُّؤۡمِنُوۡنَ بِاللّٰهِ وَالۡيَوۡمِ الۡاٰخِرِ يُوَآدُّوۡنَ مَنۡ حَآدَّ اللّٰهَ وَرَسُوۡلَهٗ وَلَوۡ كَانُوۡۤا اٰبَآءَهُمۡ اَوۡ اَبۡنَآءَهُمۡ اَوۡ اِخۡوَانَهُمۡ اَوۡ عَشِيۡرَتَهُمۡ‌ؕ اُولٰٓٮِٕكَ كَتَبَ فِىۡ قُلُوۡبِهِمُ الۡاِيۡمَانَ وَاَيَّدَهُمۡ بِرُوۡحٍ مِّنۡهُ‌ ؕ وَيُدۡخِلُهُمۡ جَنّٰتٍ تَجۡرِىۡ مِنۡ تَحۡتِهَا الۡاَنۡهٰرُ خٰلِدِيۡنَ فِيۡهَا‌ ؕ رَضِىَ اللّٰهُ عَنۡهُمۡ وَرَضُوۡا عَنۡهُ‌ ؕ اُولٰٓٮِٕكَ حِزۡبُ اللّٰهِ‌ ؕ اَلَاۤ اِنَّ حِزۡبَ اللّٰهِ هُمُ الۡمُفۡلِحُوۡنَ ٢٢

Ла таҷиду қавма-н юъминуна биллаҳи ва-л-явми-л ахири юваддуна ман ҳаддаллоҳа ва расулаҳу ва лав кану абйаҳум ав абнйаҳум ав ихванаҳум ав ъашӣратаҳум. Улаика катаба фӣ қулубиҳиму-л ӣмана ва айядаҳум би руҳи-м минҳ. Ва юдхилуҳум ҷаннатин таҷрӣ мин таҳтиҳа-л-анҳару холидӣна фӣҳа. РаЗияллоҳу ъанҳум ва раЗу ъанҳ. Улаика ҳизбуллоҳ. Ала инна ҳизбаллоҳи ҳуму-л-муфлиҳун. 22.

22. Нахоҳӣ ёфт қавмеро, ки ба Худо ва ба рӯзи қиёмат имон овардаанд (ба ин сифат бошанд, ки) бо касе ки ба Худо ва Расули Ӯ хилофу душманӣ кардааст, дӯстӣ кунанд. Ва агарчи он касон падарону писарону бародарон ва ё хешовандони онҳо бошанд. Он муъминҳое ки (бо душманони Худо дӯстӣ надоранд) Аллоҳ дар дилҳои онҳо имонро навиштааст ва онҳоро бо рӯҳе аз Худаш ёриашон кардааст, онҳоро ба ҷаннатҳое дохил кунад, ки зери он (қасрҳои Ҷаннат) ҷӯйҳо ҷорӣ мешаванд, дар он ҷо ҷовидон бошанд, Аллоҳ аз онҳо хушнуд шуд ва онҳо аз Аллоҳ хушнуд шуданд. Ин ҷамоатанд лашкарони Аллоҳ. Огоҳ шав: лашкари Аллоҳ албатта растагоранд.

Сухани Аллоҳтаъоло аст, ки касе ба Худо, ба расулони Вай, ба китобҳои Ӯ ва рӯзи қиёмат имон дорад, набояд касеро дӯст дорад, ки вай ба Худо, ба фиристодагони Ӯ, ба китобҳои Вай ва ба рӯзи қиёмат боварӣ надорад. Агарчанде онҳо пайвандону наздику хешовандонашон бошанд ҳам. Касе, ки Худоро дӯст медорад, набояд душмани Ӯро дӯст дорад. Чунон ки равшанӣ бо торикӣ ба ҳам намеоянд, монанди ҳамин дар як дил ҳамзамон дӯстии Худо ва дустии душмани Худо ҷой намегирад. Ин як рукни имонаст, ки ба дӯсти Худо дӯст бояд буд ва ба душмани Ӯ душманӣ бояд варзид. Касоне, ки дар чунин мақом қарор доранд, Худованди мутаъол дар дили онҳо нури имонро китобат кардааст ва эишонро бо рӯҳи Худаш бо нусрату таъйиди Худ нерӯву қувват бахшидааст. Онҳо муъминонеанд, ки соҳиби имони комил ва яқину мухлисанд.

Офаридгор ин гуна бандагонашро вориди биҳишти анбарсиришт мегардонад, ки аз зери қасрҳои он ҷӯйҳо равонанд. Эшон ҷовидона дар Биҳишт бимонанд. Худованди карим амалҳои чунин бандагонро қабул дорад ва аз онҳо розӣ мегардаду подоши савоби амалҳояшонро медиҳад.

Онҳо низ аз Худои худ розӣ мегарданд. Албатта, чун онҳо барои ризои Худо аз пайвандону хешони наздики худ барои душманӣ доштанашон ба Худову расули Ӯ рӯйи мегардонанду меҳру дӯстии онҳоро дар қалбҳои худ ҷойи намедиҳанд, аз Офаридгор подоши арзандаеро умед доранд.

Чун Худованд онҳоро навмед намегардонад, пас розӣ мешаванд аз Худо ва Худо хушнуд мегардад аз онҳо. Чунин ҷамоат ҷамоати хоси Худо ва лашкару авлиёи Ӯ таъолоянд. Огоҳ бош, ки лашкари Аллоҳтаъоло наҷотёбанда аз азоб ва соҳибшаванда ба хайру раҳмати Худо дар дунё ва охиратанд.

Поёни Сураи “Муҷодала” ва лиллоҳил ҳамд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Муҷодала «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Муҷодала Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳашр – Тафсири Осонбаён (Қуръон)