Сураи Мумтаҳана Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Мумтахана Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Мумтаҳана Ояти 1

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм.

Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.

يٰۤاَيُّهَا الَّذِيۡنَ اٰمَنُوۡا لَا تَتَّخِذُوۡا عَدُوِّىۡ وَعَدُوَّكُمۡ اَوۡلِيَآءَ تُلۡقُوۡنَ اِلَيۡهِمۡ بِالۡمَوَدَّةِ وَقَدۡ كَفَرُوۡا بِمَا جَآءَكُمۡ مِّنَ الۡحَـقِّ‌ ۚ يُخۡرِجُوۡنَ الرَّسُوۡلَ وَاِيَّاكُمۡ‌ اَنۡ تُؤۡمِنُوۡا بِاللّٰهِ رَبِّكُمۡ ؕ اِنۡ كُنۡـتُمۡ خَرَجۡتُمۡ جِهَادًا فِىۡ سَبِيۡلِىۡ وَ ابۡتِغَآءَ مَرۡضَاتِىۡ ‌ۖ تُسِرُّوۡنَ اِلَيۡهِمۡ بِالۡمَوَدَّةِ ‌ۖ وَاَنَا اَعۡلَمُ بِمَاۤ اَخۡفَيۡتُمۡ وَمَاۤ اَعۡلَنۡتُمۡ‌ؕ وَمَنۡ يَّفۡعَلۡهُ مِنۡكُمۡ فَقَدۡ ضَلَّ سَوَآءَ السَّبِيۡلِ ١

Йа айюҳа-л-лазӣна аману ла таттахизу ъадуввӣ ва ъадуввакум авлиййа тулқуна илайҳим би-л маваддати ва қад кафару би ма ҷаакум мина-л-ҳаққи юхриҷуна-р-расула ва иййакум ан туъмину биллаҳи Раббикум ин кунтум хараҷтум ҷиҳадан фӣ сабӣлӣ вабтиғоа марЗотӣ. Тусирруна илайҳим би-л маваддати ва ана аъламу би ма ахфайтум ва ма аълантум. Ва ма-н яфъалҳу минкум фақад Залла саваа-с-сабӣл. 1.

1. Эй касоне ки имон овардаед, душманони Маро ва душманони худатонро дӯст магиред, то ба сабаби дӯстӣ ба сӯяшон пайғоми дӯстӣ фиристед! Ва албатта, ба он чӣ ки ба шумо аз дини ҳақ омадааст, онҳо кофир шудаанд ва барои он ки ба Аллоҳ, ки Парвардигори шумост, имон овардед, Расулро ва шуморо ҷилои ватан мекунанд. Агар барои набард дар роҳи Ман ва барои талаби ризои Ман баромадаед, (чаро) ба сӯйи онҳо пинҳонӣ, пайғоми дӯстӣ мефиристед? Ва Ман он чиро пинҳон мекунед ва он чиро, ки ошкор менамоед, хуб медонам ва ҳар шахсе аз шумо ин корро бикунад, албатта, роҳи дурустро гум кардааст.

Аллоҳтаъоло дар ин оят бандагони муъмини худро нидо намуда фармудааст, ки эй касоне, ки тасдиқ кардед ба ҳастӣ ва ягонагии Худованд ва имон овардаед ба Рассули Ӯ (с) ва ба шариъате, ки ба воситаи ӯ (с) ба шумо фиристодаем, он кофиронеро, ки душмани Худову шумо муъминон ҳастанд, барои худ дӯст нагиред! Зеро душмани Худову душмани Расули ӯ (с)-ро душмани худ донистан аломати имондорӣ аст.

Тавре дар муқаддима ишора рафт, ин итоби Худованд ба сӯйи Ҳотиб буд ва сирри муъминонро ошкор намудан барои ҳама кас манъ аст. Кассе ки имон овардаст ба Худо ва Расули Ӯ (с), набояд чунин кунад. Онҳо Худоро нашинохтанд, Расули Аллоҳ (с)-ро аз ватани худ хориҷ карданду эътироф накарданд, муъминонро низ зулму ҷабр намудаву аз ватан берун сохтанд ва куфрро ихтиёр карданд, бо вуҷуди ин, шумо боз ба онҳо дӯстӣ меварзеду пинҳонӣ мактуб навишта сирри муъминонро ошкор месозед!?

Ин муносибати ваҳшиёнаи онҳо ба шумо барои он аст, ки шумо ба Худованд, ки Парвардигори шумост ва Ӯ воҳиду аҳад аст, имон овардаед. Агар шумо ба номи Ман ва барои ризои Ман ва дар роҳи иҷрои амри Ман ба ҷиҳод баромада бошед, пас чаро ба душмани ман, ки душмани Пайғамбар (с)-у шумо ҳам ҳаст, пайғоми дӯстӣ менависед?

Ва ҳоло он ки Ман огоҳам аз ҳама ниҳону ошкори шумо. Хулоса, касе аз шумо чунин кор кунад, яъне сирри мусалмононро фош созад, албатта, ӯ аз роҳи ҳақ хориҷ гардида гумроҳ шудааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Мумтаҳана «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Мумтаҳана – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Мумтаҳана Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)