Мехоҳед аз навгониву аҷибиҳои Бразилия огаҳ шавед, пас идомаи матлаб ба хости Шумост. Фикру мулоҳизаҳоятонро метавонед дар шарҳ нависед. Ё агар факти аҷиберо аз ин давлат донед, пас навиштани Шумо дар шарҳ ба манфиати дигарон аст. Нависед, то дигарон низ донанд.

Бразилия панҷумин давлати бузургтарини ҷаҳон аз ҷиҳати масоҳат мебошад. Масоҳати умумии он 8 515 770 км² – ро ташкил медиҳад.
Дар Бразилия дини расмӣ вуҷуд надорад. Қисмати зиёди одамон, яъне 74%-и онҳо католик мебошанд.
Аз ҳама номи бисёртарин ва шӯҳратёфта дар Бразилиа аз мардҳо Габриел ва аз занҳо Ҷулия ба ҳисоб меравад. Аксарияти одамон фарзандони худро чунин ном мегузоранд.
Забони асосии Барзилия забони португалӣ мебошад.
Дар 150 соли сипарӣ шуда, Бразилия дар истеҳсоли қаҳва мавқеи аввалро ишғол кардааст. Ҳамасола дар инҷо зиёда аз 2,5млн тона қаҳва истеҳсол мешавад.
Шаҳри Бразилия, ки ҳоло пойтахти худи давлат ба ҳисоб меравад, дар муддати 41 моҳ сохта, ба истифода дода шудааст. Пеш аз он, пойтахти Бразилия муддати 197 сол шаҳри Рио- Де – Жанейро маҳсуб меёфт.
Яке аз варзишҳои шӯҳратёфтаи ин давлат бозии футбол ба ҳисоб меравад. Тими миллии Бразилия бошад, то ҳол панҷ маротиба ғолиби Ҷоми Ҷаҳон гардидааст.
Дар соли 2013 дар Бразилия қонуни никоҳи ҳамҷинсӣ ба имзо расидааст. Аз ин сол сар карда, дар давлат мард бо мард ва зан бо зан метавонанд оила барпо кунанд.
Дар Бразилия шахсоне, ки ба хизмати ҳарбӣ даъват мешаванд, метавонанд аз хизмат ба Ватан даст кашанд, ба шарте ки аз тести ёрии тиббӣ гузаранд.
Дар пойтахти давлат – шаҳри Бразилия сохтани биноҳои аз 6 ошёна поён манъ карда шудааст. Ба биносозон зарур аст, то иморатҳои аз 6 ошёна болоро бунёд созанд.
Дар шаҳри Рио- Де- Жанейро ронандагон аз соати 22:00 то 05:00-и субҳ ҳуқуқ доранд, то чароғакро сурх гузаранд.
Боз кадом фактҳоро оиди ин давлат медонед? Дар шарҳ нависед.


