Тафсири Сураи Мурсалат Ояти 39 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Мурсалат Ояти 39
فَاِنۡ كَانَ لَـكُمۡ كَيۡدٌ فَكِيۡدُوۡنِ ٣٩
Фа ин кана лакум кайдун фа кӣдун. 39.
39. Пас, агар шуморо ҳилае бошад, пас, бар зидди Ман кор фармоед!
Чун Аллоҳтаъоло ба муказзибин (дурӯғ шуморандагон) мегуяд, ки оё медонед ин рӯзест, ки Мо шуморо ва пеш аз шумо будагонро то байни шумо ҳукм кунам ҷамъ овардем? Боз ба онҳо мефармояд, ки агар алайҳи Ман ҳиллаву найранге доред истифода баред, то ҳосиле бардоред! Ва аз азобе, ки шуморо интизор аст, наҷот ёбед! Локин ҳайҳот!
Ин муроҷиъати Аллоҳтаъоло ба онҳо ба хотири нишон додани оҷизии онҳост. Дар асл ин фуҷҷор (гунаҳкорон) аз гапу ҳарф мондаанд, чораи халосӣ аз куҷо ҷӯянд?
Рӯйхати оятҳои Сураи Мурсалат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «