Тафсири Сураи Мурсалат Ояти 48 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Мурсалат Ояти 48
وَاِذَا قِيۡلَ لَهُمُ ارۡكَعُوۡا لَا يَرۡكَعُوۡنَ ٤٨
Ва иза қӣла лаҳумуркаъу ла яркаъун. 48.
48. Ва ҳар вақто ба онҳо гуфта шавад: «Намоз гузоред!», намоз намегузоранд.
Аллоҳтаъоло дар ин оят фармудааст, ки он тоифаи ҳолашон табоҳшударо ҳар гоҳе гуфта шавад, ки намоз гузоред, зикри Худоро кунед, аз азоби охират ба Худо паноҳ ҷӯед! Онҳо на намоз мегузоранд ва на Худоро ба ёд меоранду на парвои охират доранд онҳо аз кибру ғурури худ боз намемонанд, балки бо ин рафторашон фахр ҳам мекунанд.
Ҳарчанд ин оят қариб 14 қарн пеш нозил шудааст, гӯё аз замони мо хабар додааст. Масалан, рафту инсонеро, ки даъвои имондорӣ дорад аз рӯйи дилсӯзӣ бигӯй, ки чӣ мешуд намозҳои худро мехондӣ, зеро дар Қуръон барои бенамозон ваъид сахт омадааст. Дар зери маломат мемонӣ ва гапҳои пасту баланде аз ӯ мешунавӣ!
Метарсам, ки чунин афрод таҳти ин ояти ваъид қарор гирифтаанд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Мурсалат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «