Тафсири Сураи Мурсалат Ояти 49 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Мурсалат Ояти 49
وَيۡلٌ يَّوۡمَٮِٕذٍ لِّلۡمُكَذِّبِيۡنَ ٤٩
Вайлу-й явмаизи-л лил муказзибӣн. 49.
49. Вой дар он рӯз бар ҳоли касоне, ки рӯзи қиёматро дурӯғ ҳисобиданд!
Онон ки бо кирдору рафтори худ он рӯзи даҳшатборро дурӯғ ҳисобиданд он рӯзро хоҳ нохоҳ бо ду чашми сари худ мебинанд. Локин вой бар ҳоли онҳо дар он рӯз. Дар мазмуни ояти 48-ум амр ба намозгузорӣ шудааст. Ин далолат бар он дорад, ки намоз умдатарини ибодатҳои Аллоҳтаъолост, намоз сутуни дин аст. Модоме ки инсон намоз намехонад ин маънои онро дорад, ки ба қиёмат бовар надорад! Оё мумкин аст, ки намоз нахонаду гӯяд, ки ман аз Худо метарсам ва бо қиёмат бовар дорам ва дигару дигар? Ҳол он ки носиҳе гуфта:
Рӯзи маҳшар, ки ҷонгӯдоз бувад,
Аввали пурсиш аз намоз бувад!
Тавре хонандаи азиз пайи бурдӣ намоз сари тамоми ибодатҳост. Агар сар набошад тан ҳам зинда нест. Бинобарин дар охират аввал аз он пурсида хоҳӣ шуд. Валлоҳу аълам.
Рӯйхати оятҳои Сураи Мурсалат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «