Тафсири Сураи Мурсалат Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Мурсалат Ояти 6
عُذۡرًا اَوۡ نُذۡرًا ٦
Ъузран ав нузро. 6.
6. Барои (дафъи) узр (аз кофирон) ё барои тарсонидан (бар муъминон),
Аллоҳтаъоло ба фариштагоне, ки ваҳйи илоҳиро барои бардоштани узри бандаҳо ё барои тарсонидани онҳо ба расули Худо (с) мерасонанд савганд ёд кардааст.
Мақсад аз ваҳйи илоҳӣ аз як тараф барои бим додани бандаҳо аз азоби охират бошад, аз сӯйи дигар аз амру наҳӣ бохабару огоҳ кардан ва ба ин васила дафъ кардани узри онҳост. Яъне рӯзи ҳисобу китоб пеши Худо бандаҳо узр оварда наметавонанд, ки мо аз ин бехабар будему намедонистем… Ояти баъдӣ ҷавоби ин қасамҳо аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Мурсалат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «