Тафсири Сураи Мутаффифин Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Мутаффифин Ояти 15
كَلَّاۤ اِنَّهُمۡ عَنۡ رَّبِّهِمۡ يَوۡمَٮِٕذٍ لَّمَحۡجُوۡبُوۡنَؕ ١٥
Калла иннаҳум ъа-р-Раббиҳим явмаизи-л ла маҳҷубун. 15.
15. На чунин аст, ҳаройина, он рӯз онҳо аз дидори Парвардигори хеш дар парда бошанд.
Албатта, аҳли имон фардо рӯзи қиёмат ба дидори ҷаҳонорои Холиқи худ мушарраф мешаванд. Ҳамчунин дар боғҳои Ҷаннат аз неъматҳои бузург бонасиб мегарданд. Дар ин мазмун ҳадисҳои бисёре омадааст. Аммо шахсони зикршуда, ки дилҳои худро бо ҷурму гуноҳҳо ба торикистон мубаддал гардонидаанд, ба муъминон баробар нашуда, балки аз дидори Парвардигори оламиён маҳруманд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Мутаффифин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «