Тафсири Сураи Мутаффифин Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Мутаффифин Ояти 14
كَلَّا بَلۡ ۜ رَانَ عَلٰى قُلُوۡبِهِمۡ مَّا كَانُوۡا يَكۡسِبُوۡنَ ١٤
Калла бал‘рона ъала қулубиҳим-м ма кану яксибун. 14.
14. Ҳаргиз чунин нест, балки аз он чӣ мекарданд, бар дилҳои онҳо занг бастааст.
Не-не! Шумо аз ин фикратон баргардед. Ин китоб Қуръон, чунон ки шумо ақида доред, афсонаҳои пешиниён нест. Он каломи Раббонӣ, китоби осмонӣ аст. Ин суханони ботилро шумо аз он сабаб мегӯед, ки афъоли бад доред ва он амалҳои зиште, ки аз шумо сар мезананд, боис гардида, ки дилҳои шумо аз гуноҳон занг задааст. Ин занг ба дилҳои шумо мисли парда печидааст. Ақида ҳаст, ки чун инсон олудаи гуноҳ шуд, дар дили ӯ доғи сиёҳ пайдо мешавад. Ҳангоми сар задани гуноҳи навбатӣ боз доғи дигар мерӯяд. Ҳамин гуна рафта-рафта қалби инсони гунаҳкор ғарқи гуноҳ шуда, дилашро сиёҳӣ пахш мекунад. Чун ба ин ҳолат расид, чашми ӯ дигар роҳи рушду ҳидоятро намебинад. Пас, инсонро лозим аст, ки чун “дил назаргоҳи Ҷалили Акбар аст”, онро аз чунин ҳолат эмин дорад. Калимаи “рона”, ки дар ояти карима зикр гардидааст, маънои “гуноҳ болои гуноҳ”-ро ҳам ифода мекунад. Боз дилкӯбии дигар барои чунин шахсон…
Рӯйхати оятҳои Сураи Мутаффифин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «