Сураи Мутаффифин Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Мутаффифин Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Мутаффифин Ояти 28

عَيۡنًا يَّشۡرَبُ بِهَا الۡمُقَرَّبُوۡنَؕ ٢٨

Ъайна-н яшрабу биҳа-л-муқаррабун. 28.

28. Он чашмаест, ки аз он муқаррабон (наздикон)-и боргоҳи илоҳӣ менӯшанд.

Яъне муқаррабон он шаробро холис ва бидуни омезиши дигар чиз менӯшанд. Аммо шаробе, ки аброр (некон) менӯшанд, шароби омехта шудааст, чуноне ки дар шаробҳо гулоб ва ғайра афканда хушбӯй месозанд.

Аз ин оят чунин бармеояд, ки дараҷаи “Муқаррабон” аз дараҷаи “Аброр” болотар аст. Зеро “Ҳасанотул аброри Саййиотул муқаррабин” омадааст. Оятҳои баъдӣ аз сифатҳои инсони муҷриму бадкор сухан мекунанд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Мутаффифин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Мутаффифин Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Мутаффифин Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)