Тафсири Сураи Мутаффифин Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Мутаффифин Ояти 29
اِنَّ الَّذِيۡنَ اَجۡرَمُوۡا كَانُوۡا مِنَ الَّذِيۡنَ اٰمَنُوۡا يَضۡحَكُوۡنَ ٢٩
Инна-л-лазӣна аҷраму кану мина-л-лазӣна аману яЗҳакун. 29.
29. Ҳаройина, буданд, ки (дар дунё) гунаҳкорон бар ҳоли мусулмонон механдиданд.
Ин оят дар шаъни чаҳор саркардагони қавми Қурайш ба хусус Абӯҷаҳл ва амсоли он нозил шудааст. Ҳар вақто муъминон аз назди онҳо мегузаштанд, муъминонро мавриди истиҳзову ханда қарор медоданд. Дар ҳар давру замон шахсони фосиқу Абӯҷаҳл табиъат бисёр мебошанд.
Ба замми он, ки дар фисқу фасод ғарқ шудаанд, ба ҳоли шахсони роҳи Худоро қабулкарда ва ба тоату ибодат машғул, тамасхур мекунанд. Дар фикри ин нодонҳо чӣ хаёли хоме ҷой гирифтааст, ки ба ивази лаззатҳои ночизи дунё неъматҳои бузурги Ҷаннатро аз даст медиҳанд. Сифати дигарашон ин аст, ки…
Рӯйхати оятҳои Сураи Мутаффифин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «