Тафсири Сураи Мутаффифин Ояти 33 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Мутаффифин Ояти 33
وَمَاۤ اُرۡسِلُوۡا عَلَيۡهِمۡ حٰفِظِيۡنَ ٣٣
Ва ма урсилу ъалайҳим ҳафизӣн. 33.
33. Ва ҳол он ки кофиронро барои муъминон нигаҳбон фиристода нашудаанд.
Худованди таъоло фармудааст, ки ин кофирон барои муъминон бо сифати нигаҳбон ва нозир фиристода нашудаанд, ки аз табоҳкории худ сарфи назар карда, ба айбтарошии мусулмонҳо машғул шаванд. Ба ҷойи ин ки худро ислоҳ намоянд, роҳёфтагонро гумроҳ меноманд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Мутаффифин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «