Сураи Мутаффифин Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Мутаффифин Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Мутаффифин Ояти 6

يَّوۡمَ يَقُوۡمُ النَّاسُ لِرَبِّ الۡعٰلَمِيۡنَؕ‏ ٦

Явма яқуму-н-насу ли Рабби-л ъаламӣн. 6.

6. Рӯзе, ки ҳама мардум пеши Парвардигори оламиён истода шаванд.

Дар он рӯзи бузург тамоми мардум бо дасти холӣ тани урён назди Аллоҳтаъоло рост меистанд. Офтоби рӯзи қиёматро поён фароварда мешавад, яъне ба Замин наздик мегардад. Ҳарорат хеле баланд мешавад. Халоиқ вобаста ба миқдори гуноҳе, ки доранд, дар арақи худашон ғарқ шаванд. Баъзеҳо то буҷилак, баъзеҳо то нисфи соқ, баъзеҳо то зону, баъзеҳо то миён, баъзеҳо то сина, баъзеҳо то гулӯ ва баъзеи дигар то фавқи сар. Эй онҳое, ки ҳаққи мардумро манбаи даромад, роҳи пайдо кардани қути худу пайвандони худ қарор додаед, магар намедонед, ки ин амал ҳарому ниҳоят зишт аст? Андеша кунед аз нафси саркаше, ки ҳеҷ гоҳ аз шумо миннатдор набудааст, худро бадкору охирататонро барбод надиҳед.

Фаромӯш насозед, ки шоире гуфта:

Ҳар кӣ аз ҷодаи инсоф бигардонад рӯй,

Синаи ӯ ҳадафи тири ҳаводис гардад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Мутаффифин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Мутаффифин Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Мутаффифин Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)