Сураи Мутаффифин Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Мутаффифин Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Мутаффифин Ояти 5

لِيَوۡمٍ عَظِيۡمٍ ٥

Ли явмин ъазӣм. 5.

5. Барои рӯзи бузург.

Шахсоне ки чунин аъмоли зишт (ҳаққи мардумхӯри)-ро пеша кардаанд, оё намедонанд, ки дар рӯзи бузург (қиёмат) аз сари нав зинда мешаванд ва барои ин амал ҷавоб хоҳанд гуфт?! Гуноҳи ин амали бад назди шариати исломӣ аз тарки намоз ҳам сахттар аст. Зеро намоз ҳаққи Худост, бахшидан ё набахшидани гуноҳи инсони бенамоз дар ихтиёри худи Ӯ таъолост. Аммо ҳангоми аз тарозу фиреб кардан ҳаққи банда зоеъ мешавад, то инсони мазлум золимро набахшад, Худованд ӯро намебахшад. Худованд аз камоли адл ҳукм меронад. Албатта, Ӯ ҳаққро ба ҳаққдор мерасонад, чаро мардум дар бораи он рӯзи бузург фикр намекунанд, он рӯзи оддӣ набуда, балки…


Рӯйхати оятҳои Сураи Мутаффифин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Мутаффифин Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Мутаффифин Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)