Тафсири Сураи Муззаммил / Музаммил – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Муззаммил 73 – юм сураи Қуръон буда, дар Макка нозил шуда аз 20 оят иборат, аст.
Сураи мазкур як паҳлӯи ҳаёти бузурги Расули Худо (с)-ро барои хонанда рӯшан месозад. Сура бо нидо ва хитоби Аллоҳтаъоло ба сӯйи Пайғамбари охирӯззамон ҳазрати Муҳаммад (с) ибтидо шуда, фармон медиҳад, ки барои қабули ваҳйи илоҳӣ бо қиёми лайл (намози таҳаҷҷуд) омодагӣ бигирад. Ҳамчунин ба ӯ (с) гуфта мешавад, ки дар интихоби миқдори қиёми лайл ихтиёр дорад.
Баъдан ишора мегардад, ки ба сӯйи ӯ (с) каломи вазнин ва вазифаи душвор вобаста карда мешавад. Инчунин ба расули Худо (с) гуфта мешавад, ки дар ҷамиъи корҳо ба Худои ягона таваккал кунад. Ҳамчунин дар ин сура зикри он меравад, ки Расулуллоҳ (с) дар роҳе, ки пеши ӯ гузошта мешавад ба сахтиҳо рӯ ба рӯ меояд, бинобар ин сабру таҳаммулро аз даст надиҳад. Баъдан сухан дар бораи дурӯғпиндорандагон ва азобу иқоби онҳо дар охират меравад. Дигар масоилро хонандаи мухлис иншооллоҳ дар рафти шарҳи оёти ин сура хоҳӣ донист.
Рӯйхати оятҳои Сураи Муззаммил «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «