Тафсири Сураи Чин Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҷин Ояти 28
لِّيَـعۡلَمَ اَنۡ قَدۡ اَبۡلَغُوۡا رِسٰلٰتِ رَبِّهِمۡ وَاَحَاطَ بِمَا لَدَيۡهِمۡ وَاَحۡصٰى كُلَّ شَىۡءٍ عَدَدًا ٢٨
Ли яълама ан қад аблағу рисалати Раббиҳим ва аҳата би ма ладайҳим ва аҳса кулла шай-ин ъадада. 28.
28. То Аллоҳ бидонад, ки батаҳқиқ, онҳо пайғомҳои Парвардигорашонро расонидаанд. Ва (илми Ӯ) бо он чӣ ки назди расулон аст, аз ҳар ҷиҳат иҳотакунанда аст. Ва (илми Ӯ) ҷамеъи ашёро аз рӯи шумор фаро гирифтааст».
Тавре дар ояти қаблӣ гузашт Аллоҳтаъоло фариштаҳоро гумоштааст, ки расулонашро муҳофизат кунанд. Аз ин ояти карима бармеояд, ки вазифаи фариштагон ин будааст, ки онҳо дар масоили аз тарафи расулон ба мардум расонидани пайғомҳои дини илоҳӣ гувоҳ ва шоҳид хоҳанд шуд. То ба илми зоҳирӣ Худованд бидонад, ки расулон ваҳйи Ӯро ба мардум расонидаанд. Ҳол он ки назди расулон ҳар чизе, ки бошад илми ботинии Аллоҳтаъоло онро иҳотакунанда аст. Ҳеҷ чиз барои Худованд махфӣ намемонад, илми Аллоҳтаъоло ҳамаи ашёро адад ба адад фаро гирифтааст. Чун Худованд дорои чунин сифоти хос аст, пас чӣ гуна он чи ки назди расулон мегузарад намедонад? Албатта, Аллоҳтаъоло аз ҳама чиз бохабар аст ва ҳол он ки ҳар чи расулонаш бигӯянд аз Ӯ таъоло бигуянд. Бинобар ин фиристодаҳои Худо дар рисолати хеш ифроту тафрит намекунанд. Пас, бояд, ки аз онҳо пайравӣ намуд ба хосса пайғамбари охируззамон ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с)-ро, ки шариати ӯ шариати охирин аст.
Бинобар маълумоти аз аҳодис дар хусуси ҷинҳо ҳосил шуда маълум мегардад, ки ҷинҳо вакилҳояшонро 6-маротиб ба назди он ҳазрат (с) фиристодаанд.
Поёни Сураи “Ҷин”. Валиллоҳил ҳамд.
Адибе гуфтааст.
Ҳар чи донистанӣ аст дар ду ҷаҳон,
Нест аз илми шомилаш ниҳон.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҷин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «