Сураи Наба Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Наба Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наба Ояти 18

يَّوۡمَ يُنۡفَخُ فِى الصُّوۡرِ فَتَاۡتُوۡنَ اَفۡوَاجًا ١٨

Явма юнфаху фи-с-сури фатаътуна афваҷа. 18.

18. Рӯзе, ки дар сур дамида мешавад, пас, шумо гурӯҳ-гурӯҳ меоед.

Вақти омадани қиёмат бо амри Парвардигор Исрофил (а) сурро медамад. Он лаҳза тамоми мавҷудоти зиндаи рӯйи Замин миронида мешаванд. Боз бори дуюм бо амри Худо пас аз чанд муддате сур дамида мешавад ва аз Одам (а) сар карда то фарди охирини ҷондода аз сари нав зинда гардонида мешаванд ва гурӯҳ-гурӯҳ ба маҳшаргоҳ ҳозир мешаванд.

Абӯ Ҳурайра (р) аз Расули Худо (с.) ривоят мекунад: “Байни сури аввал ва сури дуюм чиҳил аст.” Саҳобагон аз ӯ пурсиданд, ки чиҳил рӯз аст? Абу Ҳурайра гуфт: “Дар хотирам намондааст”. Боз гуфтанд: “Шояд чиҳил моҳ бошад?” Абу Ҳурайра боз чунин ҷавоб дод. Дафъаи сеюм аз ӯ суол карданд: “Шояд чиҳил сол бошад?” Ҳамин ҷавобро дод. Баъд аз он давоми сухани Расулаллоҳ (с)-ро гуфт: “Худованд аз Осмон оберо фурӯ мерезонад, ки аз он инсонҳо мисли наботот мерӯянд.” Баъд аз вафот ҳама аъзои инсон пӯсидаву куҳна гашта, аз байн мераванд, магар як аъзояш, ки онро “Уҷбуззанб” гӯянд, ки он дар охири думғоза қарор дорад. “Уҷбуззанб” чунин як аъзои инсон аст, ки он хосияти куҳнашавӣ, пӯсидан, сӯхтану ях карданро надорад. Ӯ маҳв намешавад. То рӯзи қиёмат боқӣ мемонад. Худованд инсонро аз он ба ҳам оварда, мураккаб сохта, ба сурати аслии худ ӯро зинда мегардонад.

Дар натиҷаи тадқиқоти олимон низ собит гардида, ки “Уҷбуззанб” ба ҳеҷ сурат нест намегардад. Тӯли ҳазорсолаҳову қарнҳои дароз ҳамчунин боқӣ мемонад.

Ояти зер низ дар бораи сури дуюм баҳс мекунад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Наба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наба Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наба Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)