Тафсири Сураи Наба Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наба Ояти 6
اَلَمۡ نَجۡعَلِ الۡاَرۡضَ مِهٰدًا ٦
А-лам наҷъали-л-арЗа миҳада. 6.
6. Оё заминро барои шумо муносиби (зисту) зиндагӣ нагардонидем?
“Миҳодан” дар луғат ба маънои гаҳвора ва ё омода сохтани чизе меояд. Дар ҳақиқат тайёр кардани Замин барои зиндагонии инсонҳо ва ашёе, ки дар ин Замин арзи вуҷуд доранд, як далели раднопазири қудрати илоҳӣ аст. Аз ҳамин сабаб Ӯ таъоло аз бандагони Худ савол мекунад, ки оё Заминро барои шумо ва барои иҷрои орзую ҳавасҳо ва ризқу рӯзии шумо омода нагардонидем, ки болои он мисли рӯйи гилем қарор мегиреду аз тамоми навъҳои зироат ва ғайра истифода мебаред? Яъне, албатта, гардонидем.
Барои ба ин бовар намудан назари дақиқкорона ба муҳити атроф басанда аст, ки шоире гуфта:
Барги дарахтони сабз дар назари ҳушёр,
Ҳар варақаш дафтарест маърифати кирдугор.
Рӯйхати оятҳои Сураи Наба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «